Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳама чашмҳо ба сӯи Маскав -- Ҷоми ҷаҳонии футбол оғоз меёбад


Мусобиқаи 21-уми қаҳрамонии футболи ҷаҳон дар Русия имрӯз, 14-уми июн, бо бозии гурӯҳи А миёни тимҳои мунтахаби миллии Русия ва Арабистони Саудӣ оғоз меёбад. Ин бозӣ дар шаҳри Маскав, дар варзишгоҳи «Лужники», соати 18:00 ба вақти Маскав (соати 20:00 ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Бозиҳои марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 аз 14-уми июн то 15-уми июл дар 12 варзишгоҳи 11 шаҳри Русия - Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Сочи, Екатеринбург, Самара, Саранск, Ростови соҳили Дон, Волгоград, Нижний Новгород ва Калининград -- барпо мегарданд.​

Хушномтарин тими миллӣ дар Ҷоми ҷаҳонӣ мунтахаби Бразилия аст. Ин даста панҷ дафъа қаҳрамони ҷаҳон шуда, унвони “пентакампеон” (қаҳрамони панҷкарата)-ро дорад

Дар Ҷоми ҷаҳон-2018 дар муддати 32 рӯз 64 бозӣ доир мешавад: дар сабқати гурӯҳӣ – 48 бозӣ, дар ҳаштякфинал – 8 бозӣ, дар чорякфинал – 4 бозӣ, дар нимфинал – 2 бозӣ, барои ҷойи севум – 1 бозӣ ва финал – 1 бозӣ.

Бозиҳои марҳалаи пешакӣ аз 14-ум то 28-уми июн, бозиҳои 1/8 ниҳоӣ аз 30-юми июн то 3-юми июл, бозиҳои чорякниҳоӣ 6-7-уми июл, бозиҳои ниманиҳоӣ 10-11-уми июл, бозӣ барои ҷойи севум 14-уми июл, бозии ниҳоӣ 15-уми июл баргузор мешаванд.

Гурбаи фолбин пирӯзии футболбозони Русия бар дастаи Арабистони Саудиро пешгӯӣ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:45 0:00

Маблағи ҷоизаҳои мусобиқот 400 миллион долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба Ҷоми ҷаҳон-2014 12 дарсад бештар аст (дар Бразилия 358 миллион доллар буд). Қаҳрамони ҷаҳон 38 миллион доллар мегирад. Ба финалист 28 миллион доллар супурда мешавад. Барои ҷойи севум 24 миллион доллар муқаррар шудааст.

Майдони нави футбол дар шаҳри Сочи.
Майдони нави футбол дар шаҳри Сочи.

Ҳар як дастаи ширкаткунандаи қаҳрамонии ҷаҳон-2018 на кам аз 8 миллион доллар мегирад. Дастаҳои мунтахабе, ки ба нимфинал мебароянд, бо 22-миллиондолларӣ сарфароз мегарданд. Ба ширкаткунандагони даври чаҳорякфиналӣ 16-миллиондолларӣ, ҳаштякфиналӣ – 12-миллиондолларӣ супурда хоҳад шуд.

Бар асоси қуръакашӣ 32 дастаи ширкаткунандаи мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2018 ба ҳашт гурӯҳи чаҳордастаӣ тақсим шудааст. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Ду дастаи мунтахаб – Исландия ва Панама – барои аввалин бор дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон иштирок мекунанд.

Пешгӯиҳо дар Тоҷикистон, пеш аз Ҷоми ҷаҳонии футбол

Дар марҳалаи ниҳоии мусобиқаи 21-уми қаҳрамонии ҷаҳон аз ҳашт дастае, ки пештар (аз замони оғози ин мусобиқот – соли 1930) ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шудаанд, ҳафттоаш – Уругвай (1930, 1950), Олмон (1954, 1974, 1990, 2014), Бразилия (1958, 1962, 1970, 1994, 2002), Англия (1966), Аргентина (1978, 1986), Фаронса (1998) ва Испания (2010) - ширкат меварзанд.

Вале мунтахаби Италия, қаҳрамони чоркаратаи ҷаҳон (1934, 1938, 1982, 2006), ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 роҳхат гирифта натавонист.

Мунтахаби миллии футболи Эрон ҳини тамрин.
Мунтахаби миллии футболи Эрон ҳини тамрин.

Хушномтарин тими миллӣ дар Ҷоми ҷаҳонӣ мунтахаби Бразилия аст. Ин даста панҷ дафъа қаҳрамони ҷаҳон шуда, унвони “пентакампеон” (қаҳрамони панҷкарата)-ро дорад. Бразилия танҳо кишварест, ки дар ҳамаи 21 марҳалаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ ширкат меварзад. Олмон беш аз ҳар тими дигар – ҳашт дафъа – ба даври ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ роҳ ёфта, чаҳор бор бо медалҳои тилло сарфароз шудааст.

Ба назари коршиносону таҳлилгарони футбол тимҳои мунтахаби Олмон, Бразилия, Испания, Аргентина, Португалия ва Фаронса муддаиёни аслии унвони қаҳрамони ҷаҳон мебошанд.

Зимнан, дар арафаи мусобиқот яке аз довталабони аслии унвони қаҳрамонӣ Испания бе сармураббӣ монд. Хулен Лопетеги, ки бо «Реал»-и Мадрид қарордод ба имзо расонд, ба истеъфо фиристода шуд. Ӯро мудири варзишии тими мунтахаб, Фернандо Йеррои 50-сола иваз намуд, ки амалан таҷрибаи мураббигӣ надорад.

Ба Русия се ситораи асосии футболи муосир — аргентинӣ Лионел Месси, португалӣ Криштиану Роналду ва бразилиягӣ Неймар омадаанд, ки ҳанӯз қаҳрамони ҷаҳон нашудаанд.

Назари мутахассисони тоҷик ба Ҷоми ҷаҳонии футбол - 2018

Назари мутахассисони тоҷик ба Ҷоми ҷаҳонии футбол - 2018
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:00 0:00

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2018

Таркиби гурӯҳҳо:

гурӯҳи А: Русия, Арабистони Саудӣ, Миср, Уругвай;
гурӯҳи В: Португалия, Испания, Марокаш, Эрон;
гурӯҳи С: Фаронса, Австралия, Перу, Дания;
гурӯҳи D: Аргентина, Исландия, Хорватия, Нигерия;
гурӯҳи Е: Бразилия, Швейтсария, Коста-Рика, Сербия;
гурӯҳи F: Олмон, Мексика, Шведсия, Кореяи Ҷанубӣ;
гурӯҳи G: Белгия, Панама, Тунис, Англия;
гурӯҳи H: Полша, Сенегал, Колумбия, Ҷопон.

Ҷадвали бозиҳои Ҷоми ҷаҳон-2018

Бозии №1. 14 июн. 20.00. Москва. "Лужники". Русия– Арабистони Саудӣ
Бозии №2. 15 июн. 17.00. Екатеринбург. Миср – Уругвай
Бозии №3. 15 июн. 23.00. Сочи. Португалия – Испания

Бозии №4. 15 июн. 20.00. Санкт-Петербург. Марокаш – Эрон
Бозии №5. 16 июн. 15.00. Қазон. Фаронса – Австралия
Бозии №6. 16 июн. 21.00. Саранск. Перу – Дания
Бозии №7. 16 июн. 18.00. Москва. "Спартак". Аргентина – Исландия
Бозии №8. 16 июн. 24.00. Калининград. Хорватия – Нигерия
Бозии №9. 17 июн. 23.00. Ростови соҳили Дон. Бразилия – Швейтсария Бозии №10. 17 июн. 17.00. Самара. Коста-Рика – Сербия
Бозии №11. 17 июн. 20.00. Москва. "Лужники". Олмон – Мексика
Бозии №12. 18 июн. 17.00. Нижний Новгород. Шведсия – Корея
Бозии №13. 18 июн. 20.00. Сочи. Белгия – Панама
Бозии №14. 18 июн. 23.00. Волгоград. Тунис – Англия

Бозии №15. 19 июн. 20.00. Москва. "Спартак". Полша – Сенегал

Бозии №16. 19 июн. 17.00. Саранск. Колумбия – Ҷопон
Бозии №17. 19 июн. 23.00. Санкт-Петербург. Русия – Миср
Бозии №18. 20 июн. 20.00. Ростови соҳили Дон. Уругвай – Арабистони Саудӣ
Бозии №19. 20 июн. 17.00. Москва. "Лужники". Португалия – Марокаш
Бозии №20. 20 июн. 23.00. Қазон. Эрон – Испания
Бозии №21. 21 июн. 20.00. Екатеринбург. Фаронса – Перу

Бозии №22. 21 июн. 17.00. Самара. Дания – Австралия
Бозии №23. 21 июн. 23.00. Нижний Новгород. Аргентина – Хорватия
Бозии №24. 22 июн. 20.00. Волгоград. Нигерия – Исландия
Бозии №25. 22 июн. 17.00. Санкт-Петербург. Бразилия – Коста-Рика
Бозии №26. 22 июн. 23.00. Калининград. Сербия – Швейтсария

Бозии №27. 23 июн. 23.00. Сочи. Олмон – Шведсия
Бозии №28. 23 июн. 20.00. Ростови соҳили Дон. Корея – Мексика
Бозии №29. 23 июн. 17.00. Москва. "Спартак". Белгия – Тунис

Бозии №30. 24 июн. 17.00. Нижний Новгород. Англия – Панама

Бозии №31. 24 июн. 23.00. Қазон. Полша – Колумбия
Бозии №32. 24 июн. 20.00. Екатеринбург. Ҷопон – Сенегал
Бозии №33. 25 июн. 19.00. Самара. Уругвай – Русия
Бозии №34. 25 июн. 19.00. Волгоград. Арабистони Саудӣ – Миср

Бозии №35. 25 июн. 23.00. Саранск. Эрон – Португалия
Бозии №36. 25 июн. 23.00. Калининград. Испания – Марокаш

Бозии №37. 26 июн. 19.00. Москва. "Лужники". Дания – Фаронса
Бозии №38. 26 июн. 19.00. Сочи. Австралия – Перу

Бозии №39. 26 июн. 23.00. Санкт-Петербург. Нигерия – Аргентина
Бозии №40. 26 июн. 23.00. Ростови соҳили Дон. Исландия – Хорватия

Бозии №41. 27 июн. 23.00. Москва. "Спартак". Сербия – Бразилия
Бозии №42. 27 июн. 23.00. Нижний Новгород. Швейтсария – Коста-Рика

Бозии №43. 27 июн. 19.00. Қазон. Корея – Олмон
Бозии №44. 27 июн. 19.00. Екатеринбург. Мексика – Шведсия

Бозии №45. 28 июн. 23.00. Калининград. Англия – Белгия
Бозии №46. 28 июн. 23.00. Саранск. Панама – Тунис

Бозии №47. 28 июн. 19.00. Волгоград. Ҷопон – Полша
Бозии №48. 28 июн. 19.00. Самара. Сенегал – Колумбия

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG