Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳидии 4 узви КВН-и Тоҷикистон дар мурофиаи Мирсаидов


Аъзои КВН-и Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Аъзои КВН-и Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Хайрулло Мирсаидов – хабарнигор ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон – рӯзи 12-уми июн дар додгоҳ гуфт, ки мақомоти тафтишотӣ танҳо маблағи ба аъзои маҳфили зарифон додаи ӯро ҳисоб кардаанд. Ӯ гуфт, хароҷоти дигари рӯзмарраи онҳо аз дафтари ҳисоб берун мондааст.

Дар рӯзи севуми мурофиа чаҳор узви КВН-и Тоҷикистон дар толори додгоҳи Хуҷанд ба ҳайси шоҳид ҳузур ёфтанд. Онҳо гуфтанд, ки маблағи будубош ва ғизои аъзои КВН дар Бишкеку Сочӣ ва Маскавро Мирсаидов пардохт мекард.

Далер Комилов, яке аз шоҳидон, гуфт, ба ҷуз аз маблағи будубош дар сафари хориҷӣ, пули либос, харҷи таксӣ ва “гонорар” барои муаллифони саҳначаҳо низ аз тарафи Хайрулло Мирсаидов пардохт мешуд.

Хайрулло Мирсаидов
Хайрулло Мирсаидов

Худи Мирсаидов гуфт, вале мақомоти тафтишотии парвандааш дар Додситонии вилояти Суғд хароҷоти ӯро барои ҳунарнамоии КВН дар Сочиву Маскав ба назар нагирифтанд. “Дар ниҳоят маро барои азонихудкунии ҳудуди 125 ҳазор сомонӣ маблағи ҷудошуда ба КВН муттаҳам карданд”, - афзуд ӯ. Хайрулло Мирсаидов гуфт, агар ӯро замони тафтиш ҳабс намекарданд, ба Сочиву Маскав рафта, санадҳои заруриро барқарор мекард ва меовард.

Аъзои КВН-и Тоҷикистон замони тафтиши парвандаи мудири маҳфили худ - Хайрулло Мирсаидов аз суи мақомоти тафтишотии додситонии вилояти Суғд бозпурсӣ шуда буданд. Онҳо аз ҳар гуна суҳбат бо хабарнигорон дар бораи ин ҳодиса худдорӣ мекарданд.

КВН-и таҳти раҳбарии Хайрулло Мирсаидов аз соли 2014 то декабри соли 2017 ҳунарнамоӣ кард. Баъди боздошти Мирсаидов КВН-и Тоҷикистон пароканда ва аз саҳнаҳои баланд дур гардид.

Вале аъзои гурӯҳ ҳунарнамоиҳои худро дар намоиши ҳаҷвие бо номи “Территория юмора” барои сокинони вилояти Суғд тақдим мекунанд.

XS
SM
MD
LG