Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистону Қирғизистон бар пояи осори Айтматов филм ба навор мегиранд


Маркази продюсерии “Дан”-и Қирғизистон дар якҷоягӣ бо Оҷонси миллии “Узбеккино” дар асоси асари “Дилбарам”-и Чингиз Айтматов филмеро бо ин ном ба навор мегиранд. Дар ин бора раҳбари ширкати “Дан” Перизат Ҷакипбекова рӯзи 11 июн хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, наворбардории филм 20 июн оғоз хоҳад шуд. Нақшҳои асосиии Илёс ва Бoйтемирро ҳунармандони узбек Адис Раҷабов ва Улуғбек Қодиров, нақши Аселу Хадичаро ҳунармандони қирғиз Мадина Толиббек ва Элина Абай қизӣ иҷро хоҳанд кард.

Масири наворбардории филм аз Тошканд то Балиқчӣ, ба воситаи Намангон ва ағбаи миёни Фарғонаву Тошканд хоҳад буд.

Муаллифи филмнома нависанда ва драматурги қирғиз Керез Зарликов буда, филмро коргардони узбек Сарвар Каримов ба навор мегирад. Нахустнамоиши филм дар зодрӯзи Чингиз Айтматов – 12 декабр дар Қирғизистон баргузор мешавад.

Филми мазкур бо ташаббуси ҷониби Узбекистон наворбардорӣ мешавад. “Дан” ва “Узбеккино” ҳаққи нақшофаринии ҳунармандони кишварҳои худро пардохт карда, дар сармоягузории филм президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев низ кумак хоҳад расонд.

XS
SM
MD
LG