Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон изҳороти нахуствазири Исроил дар бораи талоши Эрон барои "нобудии яҳудиён"-ро рад кард ва онро "мазлумнамоӣ" ва "дурӯғ" хонд. Вай бори дигар идеяи баргузории референдум барои "муайян кардани сарнавишти кишвари Фаластин"-ро матраҳ кард.
Ба гузориши вебсайти расмии раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, Оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи якшанбеи 10-уми июн дар як суханронӣ нахуствазири Исроилро "кудаккуш" хонда ва гуфт, ки ӯ дар Аврупо "мазлумнамоӣ мекунад, ки Эрон мехоҳад моро нобуд кунад."
Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар сафари худ ба Аврупо таъкид карда буд, ки Эрон мехоҳад "шаш миллион яҳудии дигарро бикушад" ва "мехоҳад бо даст ёфтан ба силоҳи ҳастаӣ, ин корро бикунад".
Вай мегӯяд, ки Ҷамол Абдулносир, раҳбари пешини Миср шиор сар медод, яҳудиҳоро дар дарё мерезем", аммо "аз рӯзи аввал чунин ҳарфҳое назадем ва як тарҳе эълом кард... гуфтем барои таъйини сарнавишти кишвари таърихии Фаластин муроҷиа кунед."
Суханони Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ҳоле баён шудааст, ки Оятуллоҳ Хумайнӣ, бунёдгузори Ҷумҳурии исломӣ аз ҳамон ибтидои инқилоби соли 1979 борҳо таъкид кард, ки "Исроил бояд аз байн биравад" ё "Исроил бояд аз сафҳаи рӯзгор маҳв шавад."
Дар қатъномаи поёнии раҳпаймоии "Рӯзи Қудс" имсол дар Эрон низ "маҳви Исроил", ормони Ҷумҳурии исломӣ ва стратегияи Оятуллоҳ Хумайнӣ ва Оятуллоҳ Хоманаӣ хонда шудааст. Ҳамасола дар ҷумъаи ахири моҳи мубораки Рамазон дар Эрон раҳпаймоиҳои "Рӯзи Қудс" баргузор мешавад.
Пас аз инқилоби исломӣ низ борҳо мақомоти Ҷумҳурии исломӣ, ба хусус Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури пешини он кишвар аз зарурати "нобудии Исроил" сухан гуфтаанд.
Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу дар сафари худ ба Аврупо таъкид карда буд, ки Эрон мехоҳад "шаш миллион яҳудии дигарро бикушад" ва "мехоҳад бо даст ёфтан ба силоҳи ҳастаӣ ин корро бикунад".
Ишораи Нетаняҳу ба "эъломи нияти нобудии Исроил" дар "Твиттер"-и мутааллиқ ба раҳбари Ҷумҳурии исломӣ буд. Ин ҳарфҳои мунташиршуда дар воқеъ бознашри суханони ӯ дар ҳафт соли пеш буд дар бораи ин ки "Исроил ғудаи саратонӣ дар Ғарби Осиё аст, ки бояд решакан шавад, ин кор мумкин аст ва хоҳад шуд."
Интишори ин суханон ва низ дастури Оятуллоҳ Хоманаӣ ба Созмони энержии атомӣ барои омода кардани шароити ғанисозии ураниюм, мавриди баҳрабардории нахуствазири Исроил дар сафар ба Аврупо қарор гирифт.
Аз ҷумла Ангела Меркел, нахуствазири Олмон чанд рӯз қабл дар нишасти хабарӣ бо нахуствазири Исроил хоҳони ҳазфи ин суханони раҳбари Ҷумҳурии исломӣ аз "Твиттер" ва низ сахттар шудани фишор бар Эрон барои берун бурдани нерӯҳояш аз Сурия шуд.
Раҳбари Эрон дар бораи ҷузъиёти тарҳи раъйпурсӣ барои "муайян кардани сарнавишти Фаластин" гуфт, ки мусалмонон, яҳудиён ва масеҳиёне, ки "воқеан фаластинианд" ва "аз 80 сол пеш, 100 сол пеш сокини Фаластин будаанд, чӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ ва чӣ хориҷ аз он", дар ин референдум ширкат кунанд.