Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Хуруҷи ИМА аз созиши ҳастаӣ Ховари Миёнаро ноором мекунад


Владимир Путин ва Ҳасан Рӯҳонӣ
Владимир Путин ва Ҳасан Рӯҳонӣ

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, аз Амрико ба хотири хуруҷ аз созиши атомии Эрон танқид кард. Ӯ гуфт, “ин тасмим Ховари Миёнаро ноором месозад”.

Путин рӯзи 10-уми июн дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Чин гуфт, ин иқдоми моҳи гузаштаи президент Доналд Трамп, Чину Русия, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳинду Покистонро, ки аъзои ин созмонанд, нигарон сохтааст.

Вай афзуд, Русия ба масъулиятҳои худ тибқи тавофуқномаи ҳастаии соли 2015 бо Эрон идома хоҳад дод. Аз тарафи дигар Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, рӯзи 9-уми июн дар ин нишаст гуфт, Русия дар имзои ин тавофуқнома нақши муҳим доштааст.

Вай афзуд, дар тавофуқи муҳими БАРҶОМ руси янақши бисёр созандаро ифо кард. Кишвари бузург ва ҳамсояи муҳими мо Русия хушбахтона рӯз ба рӯз дар ҳоле рушд аст.”

Эрон бар асоси созиши атомии соли 2015 бо шаш қудрати бузурги ҷаҳон пазируфт, ки барномаи ҳастаии худро дар ивази лағви таҳримҳои байналмилалӣ маҳдуд месозад.

Олмону Фаронса, Бритониё, Чин ва Русия дар мавриди пойбандии худ ба ин тавофуқнома таъкид кардаанд.

XS
SM
MD
LG