Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон ба Путин гуфтааст, шароити муҳоҷиронро беҳтар кунад


Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ҳангоми мулоқот дар шаҳри Чиндао.
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ҳангоми мулоқот дар шаҳри Чиндао.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, хуб мешавад, агар "авфи" муҳоҷирони кории тоҷик идома ёбад.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати Русия хабар доданд, ки мулоқот дар шаҳри Чиндао дар Чин ва дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай рӯзи 9-уми июн сурат гирифтааст.

Дар баёнияи расмии дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ омадааст, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин “Аз рафти татбиқи табдирҳо оид ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла эълони авф ба як қисми шаҳрвандон, беҳсозии шароити будубоши муҳоҷирон изҳори қаноатмандӣ карданд ва пешниҳод гардид, ки идомаи чунин чораҳои судманд, аз ҷумла тамдиди муҳлати бақайдгирӣ ва иҷозатнома барои фаъолияти муҳоҷирон, ба манфиати кор хоҳад буд.”

Мақомоти Русия моҳи апрели соли гузашта ба муҳоҷирони кории тоҷик, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави ин кишвар кор мекунанд, иҷоза доданд, дар муддати як моҳ санадҳояшонро қонунӣ кунанд. Ба гуфтаи мақомот дар ин муддат бештар аз 100 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик имкон ёфтанд, ки фаъолияти худро дар Русия қонунӣ ба роҳ монанд.

Дар баёния омадааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба баҳои баланд дода ва гуфтааст, ки Русия ҳамчун шарики асосии тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Владимир Путин гуфтааст, ки авзоъ дар марзи Афғонистон ва Тоҷикистон печида мемонад ва ду тараф дар ин бора гуфтӯгу хоҳанд кард. Ба қавли раиси ҷумҳури Русия онҳо имкон доранд, моҳи октябри имсол дар Душанбе ҳам сӯҳбат кунанд.

XS
SM
MD
LG