Пайвандҳои дастрасӣ

"Сабина-чеченка" барои фиреби мардон боздошт шуд


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мардеро боздошт кард, ки гӯё бо аксу садои занона дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавононро фиреб мекардааст. Мақомоти вазорат рӯзи 8 июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки А.Ҳ., сокини 29-солаи ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи “Сабина-чеченка” саҳифа боз карда, ҷавононро бо ҳадафи дарёфти пул фиреб мекардааст.

Офоқ Қодириён, як масъули Маркази матбуотии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон рӯзи 8-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мард пас аз шикояти ду ҷавон боздошт шуд. Ӯ тариқи як барномаи интернетӣ, ки барои шиносӣ пешбинӣ шудааст, бо ҷавонон ошно шуда, барояшон ваъдаи вохӯрӣ аз наздик медодааст. Аз ин миён, ба гуфтаи мақомот, ду ҷавон ба доми ӯ афтодаанд.

“Ӯ шарт гузоштааст, ки қабл аз вохӯрӣ барояш телефон фиристанд. Ҳамин тавр рӯзи 20-уми май ба назди Б.А. ном шаҳрванд рафта, худро дӯсти Сабина муаррифӣ карда, телефони мобилӣ бо арзиши 1300 сомониро аз ӯ мегирад. Бо ҳамин сохтакорӣ аз Б.А. телефони Айфон мегирад, ки 3 ҳазор сомонӣ арзиш доштааст”, - гуфт Офоқ Қодириён.

Сохтакориҳои ин ҷавон шоми 7-уми июн низ аз тариқи барномаи “Сипар”-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон намоиш дода шуд. Дар ин барнома гумонбар гуфт, ки ҳадафаш ба даст овардани маблағ буд. Дар ин барнома порае аз сӯҳбати ӯ низ намоиш дода шуд, ки тақлидкорона бо садои занона ва бо забони русӣ сӯҳбат мекард. Ӯ гуфт, ин навъи ҳарф задан шеваи ҷалби ҷавонон буд. Назари пайвандони ин ҷавон дар робита ба боздошти ӯ дастрас нест. Нисбати ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Ба гуфтаи мақомот ин ҳодиса байёнгари соддалавҳии бархе ҷавонони тоҷик аст, ки ҳатто бидуни ташхиси шахсият ба соҳибони саҳифаҳои сохта дар шабакаҳои иҷтимоӣ бовар мекунанд. Пештар мақомот гуфта буданд, ки даҳҳо саҳифа дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо исмҳои занона ҷавонони тоҷикро ба узвият дар ҳаракатҳои ифротӣ даъват мекунанд.

Видеоҳои охирин

"Хоҳиш, ҳамин дастаро ба тартиб дароред"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:06:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG