Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: "Ҳар касе аз хориҷа пушаймон баргашт, афв мешавад"


Бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
Бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Дар вокуниш ба навори нашршуда дар бораи ба Тоҷикистон даъват шудани як узви созмони мамнӯи “Гурӯҳи 24” аз ҷониби мақомоти Вазорати умури дохилӣ, ин ниҳод мегӯяд, воқеан чунин сӯҳбатҳо бо “аъзои пушаймоншудаи ҳизбу ҳаракат ва созмонҳои мамнӯъ” барпо мешавад.

На танҳо аъзои “Гурӯҳи 24”, балки даҳҳо узви гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”, ки бо изҳори пушаймонӣ ба ватан баргаштанд, афв шуданд

Рӯзи 7-уми июн вебсайти “Гурӯҳи 24” навори видеоиеро нашр кард, ки дар он ду корманди Вазорати корҳои дохилӣ аз як узви ин созмон хоҳиши бозгашт ба ватанро мекунанд. Дар навор аз ҷумла сӯҳбати Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати корҳои дохилӣ бо як ҷавони тоҷик сабт шудааст, ки худро узви созмони мамнӯъ муаррифӣ мекунад ва мегӯяд, мехоҳад замонати шароити бозгашти амнаш ба Тоҷикистонро бигирад.

Ин сӯҳбат бо миёнаравии Файзуллоҷон Сафаров сурат гирифтааст, ки як фаъоли собиқи “Гурӯҳи 24” буда, ҳоло худро ҳамчун шахсе муаррифӣ мекунад, ки “ихтиёрӣ ба Тоҷикистон баргашта, озодона зиндагӣ мекунад”.

Шоҳрух Саидзода
Шоҳрух Саидзода

Ваъдаи афв дар ивази пушаймонӣ ва...

Дар як тамоси видеоии телефонии Сафаров кормандони ВКД, аз ҷумла, Сафаралӣ Қамариддинов ва Шоҳрух Саидзода ба як узви дигари “Гурӯҳи 24”, ки исмаш бурда нашудааст, ваъда медиҳанд, дар сурати бозгашт ба Тоҷикистон ва эътирофи гуноҳ, озод мешавад.

Шоҳрух Саидзода, писари Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси собиқи Хадамоти гумрук соли гузашта ба ин мансаб таъйин шуд. Ӯ дар ин навор гуфтааст, назди онҳо вазифа гузоштаанд, то аъзои гурӯҳҳои мамнӯъро ба ватан баргардонанд. Вай мегӯяд, то ҳол “16-17 нафар ҳамингуна пушаймон шуда баргаштаҳо” мавриди афв қарор гирифтанд ва аъзои дигари ин созмон ҳам метавонанд аз онҳо пайравӣ кунанд.

Умарҷони Эмомалӣ
Умарҷони Эмомалӣ

"Навор таҳриф шудааст"​

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ, рӯзи 7-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, аксаран аъзои пушаймоншудаи созмонҳо худашон мустақим ва ё тариқи пайвандонашон бо кормандони вазорат тамос мегиранд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон барои баргардонидани “аъзои роҳгумзадаи созмонҳо ба ватан талош мекунад”.

Ӯ тасдиқи тамоси кормандони ин вазорат бо аъзои пушаймоншудаи гурӯҳҳои мамнӯъ ба хотири бозгашт ба ватанро тасдиқ кард, вале гуфт, наворе, ки “Гурӯҳи 24” нашр кардааст, зоҳиран таҳриф шудааст.

“Ин наворро барои ҳадафҳои худашон таҳриф ва сӯистифода кардаанд. Лекин баргардонидани шаҳрвандон аз роҳи хато ва гумроҳӣ ин вазифаи аслии кормандони вазорат аст. Мо ба онҳо мефаҳмонем, ки аз роҳи хато баргарданд ва бар асоси қонун афв мешаванд. На танҳо аъзои “Гурӯҳи 24”, ҳатто даҳҳо аъзои гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”, ки пушаймоншуда ба ватан баргаштанд, афв шуданд,” - гуфт ӯ.

Ин масъули Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, ташвиқ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ барои бозгашти афроди пушаймоншуда ба ватанро идома медиҳанд.

"Ваъдаҳо самимӣ нестанд"

Умаралӣ Қувватов
Умаралӣ Қувватов

Сайдалӣ Ашӯров, сухангӯи “Гурӯҳи 24” дар хориҷа рӯзи 7-уми июн гуфт, мақомоти тоҷик бо аксар аъзои онҳо тамос гирифта, дар сурати бозгашти ихтиёриашон ба ватан ваъдаи афв додаанд. “Пас аз бозгашти як узви ин созмон ба Тоҷикистон чунин тамосҳо бештар шуд”, - афзуд ӯ.

Файзуллоҷон Сафаров, узви фаъоли ин гурӯҳ моҳи гузашта ба ватан баргашт ва дар наворҳои видеоӣ дар саҳифаи фейсбукиаш эълон кард, ки аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод аст.

“Сафаров дар ҳақиқат аъзои фаъоли мо буд. Мо барвақт хабар ёфта будем, ки ӯ бо мақомоти тоҷик тамос дорад, аз ин рӯ, дастрасиаш ба маълумот дар бораи аъзои созмонро маҳдуд кардем. Ҳоло ӯ дар ҳамкорӣ бо мақомоти тоҷик талош дорад, дигар аъзои гурӯҳро аз роҳ занад ва ба Тоҷикистон баргардонад. Дар наворе, ки нашр кардем, корманди ин вазорат аъзои гурӯҳи моро, ки зодаи Кӯлоб аст, талоши баргардонидан дошт. Бо зодагони ҳар маҳал ҳаммаҳалони худашонро мегӯянд, ки тамос гиранд. Мо сабтҳои зиёди дигар ҳам дорем”, - гуфт ӯ.

Тағийрот ба Кодекси ҷиноӣ

Соли 2014 дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон тағйир ворид шуд, ки бар асоси он афроде, ки дар узвият ба созмонҳои ифротию террористӣ гумонбаранд, дар сурати ба мақомот иқрор шудан ва изҳори пушаймонӣ кардан афв мешавад.

Мақомот то ҳол даҳҳо гузорише нашр кард, ки ҷангҷӯёни пушаймоншудаи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ваё аъзои ҳизби ҳамчунон манъшудаи наҳзати исломиро афв кардааст.

“Гурӯҳи 24”, ки онро Умаралӣ Қувватов, соҳибкори фирорӣ аз Тоҷикистон таъсис дода буд, тирамоҳи соли 2014 мамнӯъ эълон шуд. Умаралӣ Қувватов моҳи марти соли 2015 дар Туркия кушта шуд, аммо гурӯҳе дар хориҷ аз кишвар мегӯянд, роҳи ӯро идома медиҳанд.

Мақомоти Тоҷикистон, ки фаъолияти созмонҳои сиёсии дар хориҷа қароргирифтаро мамнӯъ ва ифротӣ эълон кардаанд, мегӯянд, шаҳрвандони кишвар ҳақ доранд баргашта “ватанро обод кунанд”, вале на ҳамаи ин шаҳрвандон, ки ба ҳукумат дидгоҳи интиқодӣ доранд, ба ин даъватҳо бовар мекунанд.

XS
SM
MD
LG