Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент Ҷеенбеков бо нахустин сафари давлатӣ вориди Чин шуд


Сооронбой Ҷеенбеков рӯзи 6 июн бо нахустин сафари давлатӣ дар мақоми президенти Қирғизистон вориди Чин шуд. Сафари ӯ то 8 июн идома мекунад ва дар рӯзи аввали сафар дидору гуфтугӯи ӯ бо президенти Чин Сӣ Ҷин Пин дар назар аст.

Дар чаҳорчӯби ҳамин сафар Ҷеенбеков дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой низ иштирок хоҳад кард, ки рӯзҳои 9 ва 10 июн дар шаҳри Тсиндаои Чин доир хоҳад шуд. Дониёр Сидиқов, раиси шӯъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон дар сӯҳбат бо бахши Қирғизии Радиои Озодӣ рӯзи 6 июн гуфт, дар ҷараёни ин сафар имзои 10 санади ҳамкорӣ бо Чин дар назар гирифта шудааст.

Коршиносони маҳаллӣ дар Қирғизистон изҳори умедворӣ мекунанд, ки яке аз масоили мавриди баррасӣ – бунёди лӯлаи гази “Қирғизистон-Чин” мебошад. Худи созишнома соли 2013 имзо шуда, вале то ҳанӯз амалӣ нашудааст. Қирғизистон аз ҳисоби транзити газ метавонад даромади хуб ба даст оварад, мегӯянд таҳлилгарон. Масъалаи дигар – бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон аст.

Мизони табодули молу коло миёни Чин ва Қирғизистон дар соли 2017 - 1 миллиарду 600 миллион долларро ташкил дод ва Бишкек умедвор аст, ки сафари раиси ҷумҳур метавонад дар тавсеаи ин ҳамкориҳо саҳмгузор шавад.

XS
SM
MD
LG