Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

99 корманди гумруки Қирғизистон дар фасодкорӣ гумонбар шуданд


Солҳои 2017-2018 дар сохторҳои гумруки Қирғизистон 15 ҳодисаи коррупсия ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа ба буҷаи давлат 450 миллион сом зарар ворид шудааст. Муовини раиси хадамоти давлатии гумруки Қирғизистон Шамил Бердалиев дар нишасти хабарие, ки рӯзи 5 июн дар Бишкек ҷараён гирифт, гуфт, бар асоси ҳодисаҳои фасодкорӣ 11 парвандаи ҷиноӣ дар нисбати 99 корманди ин соҳа боз шудааст. Аз миёни ин нафарон 9 нафарашон кормандони собиқадори соҳа будаанд, менависад бахши Қирғизии Радиои Озодӣ.

Яке аз гумонбарон - раиси собиқи дафтари марказии хадамоти гумрук Нурбек Айбашев аст, ки аз ҷониби муфаттишон дар азхудкунии 166 миллион соми давлат муттаҳам мешаванд. Аз рӯи ҳамин қазия собиқ муовини раиси хадамоти гумрук ҳам гумонбар мешавад.

XS
SM
MD
LG