Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мири тозаинтихоби Кишинёв мардумро ба ҳамраъӣ даъват кард


Андрей Настасе, раиси тозаинтихоби пойтахти Молдова аз раъйдиҳандагон ва нирӯҳои ба гуфтааш “рӯ ба Аврупо ва мухолифи олигархҳо” хост, ки дар пешорӯи интихоботи парлумонии соли ҷорӣ ваҳдати назари худро ҳифз кунанд. Настасе, ки аз ҳизби “Шараф ва ҳақиқат” намояндагӣ мекунад, баъди пирӯз шудан дар интихоботи зудраси шаҳрдории Кишинев гуфт, ки ин раъйдиҳӣ дар остонаи интихоботи сартосарии соли ҷорӣ барои ҳизбҳои сиёсӣ як имтиҳон буд.

Натиҷаҳои ниҳоишуда ҳокист, ки Настасе 52,6 дарсади раъйҳоро бурда, дар муқобили рақибаш аз ҳизби сотсиалисти рӯ ба Маскав Ион Чебан (47,4 %) баранда шудааст. Дар интихобот 39 дар сади раъйдиҳандагон иштирок карданд. Пирӯзии Настасеро ҳизби “Амал ва ҳамраъй”-и рӯ ба Аврупо пуштибонӣ кард. Тирамоҳи имсол дар Молдова интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG