Пайвандҳои дастрасӣ

Идигул Қосимзода раиси Федератсияи гимнастикаи Тоҷикистон шуд


Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон, раиси нави Федератсияи гимнастикаи ҷумҳурӣ интихоб шуд.

Раиси нави Федератсияи гимнастикаи Тоҷикистон дар конфронси интихоботӣ, ки имрӯз, 4-уми июн, дар шаҳри Душанбе, дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпӣ, доир шуд, интихоб гардид. Ҳамчунин Бахтиёр Давлатов, раиси собиқи Федератсияи гимнастикаи Тоҷикистон, котиби масъули ин федератсия интихоб шуд.

Чунонки дар конфронс зикр гардид, Федератсияи гимнастикаи Тоҷикистон ба иллати напардохтани ҳаққи узвият феълан аз аъзогии Федератсияи байналмилалии гимнастика хориҷ шудааст. Бинобар ин, варзишгарони тоҷик оид ба ин намуд ҳоло наметавонанд дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок кунанд.

Бо тасмими конфронс раиси нави федератсия вазифадор шуд, ки пеш аз ҳама барои барқарор намудани узвияти федератсияи миллӣ дар федератсияи байналмилалӣ мусоидат намояд. Доктори илмҳои педагогӣ Идигул Қосимзода аз моҳи январи соли 2016 дар вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон кор мекунад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG