Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои ҷангии Эрон дар Исфаҳон суқут кардааст


Ин ҳавопаймои ҷангии Сухой-24-и Эрон соли 2016 ҳангоми тамрин суқут кард. Ҳарду халабонаш зинда монданд.
Ин ҳавопаймои ҷангии Сухой-24-и Эрон соли 2016 ҳангоми тамрин суқут кард. Ҳарду халабонаш зинда монданд.

Артиши Эрон гуфт, яке аз ҳавопаймоҳои низомии кишвар рӯзи 2-уми июн дар вилояти Исфаҳон суқут кардааст, аммо ба халабонҳояш муяссар шудааст, ки худро саривақт берун андозанд.

Хабаргузории нимарасмии “Форс” баёнияи нерӯҳои ҳавоии Эронро нашр кард, ки дар он омадааст, “Ҳавопаймо баъди парвоз аз пойгоҳи ҳавоии Шаҳид Бобоӣ бо ҳадафи тамрин ба мушкили фаннӣ гирифтор шуд ва нимарӯзи 2-уми июн дар наздикии деҳаи Ҳасанобод суқут кард.”

Ба навиштаи хабаргузорӣ, маъмурони наҷот ба маҳалли ҳодиса расида ва ҳарду халабонро ба шифохона бурдаанд. Ҳавопаймои F-7 ҳангоми тамрин ба фалокат дучор шудааст.

XS
SM
MD
LG