Пайвандҳои дастрасӣ

Фотимаро надидед? Духтари панҷсолаи тоҷикро ҷустуҷӯ доранд


Дар Тоҷикистон Фотима Холибекова, сокини панҷсолаи шаҳраки Консой, 15-километрии Хуҷандро ҷустуҷӯ доранд, ки рӯзи 27-уми майи имсол гум шудааст. Баҳодур Абдукаримзода, раиси ҷамоати Консой, рӯзи 31-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷустуҷӯи кӯдакро дар ҳудуди Узбекистону Қирғизистон ҳам дархост карданд.

"Сокинони шаҳрак ба по хестаанд. Ҳама ҷойро кофтем, аммо наёфтем. 50-60 маъмури милиса, мақомоти вилоят, додситонӣ ва раиси шаҳри Гулистон (Қайроққуми собиқ) омаданд. Ҳанӯз кофтукоб мекунем", - афзуд ӯ.

Фотима Холибекова
Фотима Холибекова

Сулаймон Холиқов, ваколатдори фаврии Шуъбаи кофтукоби ҷиноии пулиси Гулистон (Қайроққуми собиқ), ҳодисаи гум шудани Фотима Холибековаро чунин нақл кард: "Ӯ аввал ҳамроҳи як хоҳараш аз хона берун шудааст. Модараш онҳоро ба дарун медарорад. Баъди ним соат Фотима танҳо аз хона берун мешавад ва маълуфм нест ба куҷо рафтааст. Дигар касе надидааст."

Мусоҳиби мо афзуд, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гурӯҳҳо тартиб дода, "кӯча ба кӯчаву кӯҳ ба кӯҳ" Фотимаро ҷустуҷӯ доранд.

Фотима дар миёни шаш фарзанди хонавода хурдӣ аст. Мирзоғанӣ Холибеков, падари Фотима, дар корхонаи муштараки “Апрелевка” ва ҳамсараш дар мактаби шаҳраки Консой ба ҳайси муаллимаи синфҳои ибтидоӣ кор мекунанд.

Ӯ гуфт, Фотима дар муқоиса ба ҳамсолонаш донову хушфаҳм буд ва шеърҳои зиёд медонист ва рақами мобили падарро ҳам ба ёд гирифта буд. "Модараш барои онки Фотима халал нарасонад, мегӯяд, мунтазир истад, якҷо ба мағоза мераванд. Мегӯяд, матои харидаашон барои курта кофӣ нест ва бояд каме дигар бигиранд. Ба ӯ як сомонӣ ҳам медиҳад, барои яхмос. Бо ҳамин ҳама ба кори худ машғул мешаванд. Фотима аз хона мебарояд ва дар дасташ ҳамон бастаи матоъ ва дигар бедарак мешавад", - гуфт ӯ.

Мирзоғанӣ Холибеков афзуд, мақомот фарзияи аз рӯи кинаву душманӣ рабуда шудани духтарашро низ таҳқиқ доранд, аммо то ба ҳол заминаеро намебинад. “Ман ёд надорам, ки пас аз хатми мактаби миёна бо касе ҷанҷол карда бошам. Бо касе душманиву кина ҳам надорам. Фарзандону ҳамсарам низ бо касе ҷанг накардаанд. Аз касе қарздор нестам ва касе ҳам аз ман қарздор нест. Шукри беадад, мардуми шаҳрак, чаҳор рӯз боз аз соати 5 ба ҳамдардӣ меоянд. Чӣ коре аз дасташон меояд, мекунанд”, - гуфт ӯ.

Малика Аралова
Малика Аралова

Мақомоти расмии Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар муддати чаҳор моҳи аввали имсол 129 ноболиғ дар саросари кишвар гум шудааст ва то кунун баъзе аз онҳо бенишон ҳастанд. Файзиддин Назарзода, сардори хадамоти масъули умури ноболиғон дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта гуфт, аз миёни 129 нафар 112 нафарашонро пайдо карда, ба назди волидонашон баргардондаанд, вале сарнавишти 17 нафари дигар маълум нест ва ҷустӯҷуи онҳо идома дорад.

Дар кишвар масъалаи бенишон шудани кӯдакон аз масъалаҳои ҳассос аст. Яке аз парвандаҳои пурсарусадо, бенишон шудани Малика Аралова ва Сабина Аралова ду кӯдаки хурдсол буд, ки 5 сол пеш дар яке аз маҳаллаҳои марказии шаҳри Душанбе гум шуданд ва то ҳол ҳеҷ нишонае аз онҳо пайдо накардаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG