Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 8 нафар дар пайи занозанӣ дар Душанбе


Раёсати умури дохилии Душанбе мегӯяд, дар пайи як занозанӣ дар пойтахт 8 ҷавонро боздошт кардааст. Ин афрод феълан дар боздошт буда, алайҳашон бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Як мақом дар Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 31-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки боздоштшудаҳо афроди аз 20 то 28-сола мебошанд. Манбаъ афзуд, ҷавонони боздошшуда ҳамагӣ сокинони вилояти Бадахшон буда, муваққатан дар пойтахт мезистаанд. Аз инҳо ду нафарашон донишҷӯ будааст.

Дар Раёсати умури дохилии Душанбе мегӯянд, муноқишаи ин ҷавонон шоми 29-уми май пас аз як нофаҳмӣ байни онҳо дар назди бинои Сирк рух додааст. Мақомот мегӯянд, сабабҳои рух додани ин қазияро рӯшан мекунанд.

Ин аввалин занозании ҷавонон дар пойтахт дар моҳи май нест. Пеш аз ин мақомот ҳаддиақал ду занозании гурӯҳии ҷавононро дар пойтахт дар моҳи май ба қайд гирифтанд. Аз ҷумла, моҳи май миёни хонандагони мактаби 101 дар наздикиҳои мактаби 43-и ноҳияи Сино моҷаро сурат гирифт. Инчунин дар пайи занозании гурӯҳӣ шаби 26-уми май дар шаҳри Душанбе ду ҷавон захмӣ шуд.

XS
SM
MD
LG