Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муассиси Hermitage Capital аз боздошти полиси Испания озод шуд


Муассиси ширкати сармоягузори Hermitage Capital Management Билл Браудер гуфт, ки баъди як боздошти кӯтоҳмуддат дар Испания бар асоси аризаи шикоятии Русия дар Интерпол озод шудааст. Баудер дар Твиттер навишт, ӯро баъди он озод карданд, ки дабири кулли Интерпол дар Лиони Фаронса ба полиси Испания шарҳ дод, ки набояд дархости ҳабси аз ҷониби Русия содиршударо қонеъ кунанд.

Браудер гуфт, ки ба Испания бо ҳадафи додани шаҳодат оид ба “парвандаи зидди мафияи русӣ дар Испания ва пулҳои калонеро, ки ба Испания аз рӯи қазияи Магнитсикий интиқол медиҳанд”, сафар карда буд. Браудер шаҳрвандии Бритониё ва ИМА-ро дорад.

Полиси Испания гуфт, ки Браудер дар Мадрид боздошт шуда барои санҷиши Интерпол ба идораи полис интиқол ёфт. Браудер яке аз фаъолони ҷорӣ кардани таҳрим аз болои мақомоти Русия аст, ки дар марги ҳуқуқшиноси ошкоргӯ Сергей Магнитский гунаҳгор мешаванд. Русия исми Браудерро ба ҷустуҷӯи байналмилалии Интерпол ворид кардааст. Додгоҳе дар Маскав декабри соли гузашта ӯро ба азхудкунии 48 миллион доллар ва 9 соли зиндон маҳкум кард. Ӯро инчунин аз ҳақи фаъолияти тиҷоратӣ дар Русия маҳрум карданд.

XS
SM
MD
LG