Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози бунёди бинои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон


Барои бунёди бинои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа дар шафати "Масҷиди калон", ки ҳамакнун бо сармояи Қатар сохтмони он ҷараён дорад, замин ҷудо карда шудааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи чаҳоршанбеи 30-юми май бо гузоштани санги асос ба бунёди бинои нав оғоз бахшид.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, бинои ин муассисаи олии таълимӣ аз 5 қисм иборат буда, барои 1500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардидааст. Ин бино аз ҷониби ҳукумат бо харҷи 136 миллион сомонӣ дар майдони қариб 3 гектар бунёд карда мешавад.

Тибқи тарҳ, се қисми иншоотро асосан биноҳои таълимӣ ва маъмурӣ ва ду қисми дигарро хобгоҳҳо, толори варзишӣ, ошхона, маҷлисгоҳ ва китобхона ташкил медиҳад. Дар чаҳорчӯбаи ин тарҳ хобгоҳ барои 1500 нафар, толори варзишӣ бо 260 ҷой ва маҷлисгоҳ бо 550 ҷойи нишаст сохта мешавад. Ҳамчунин ин донишгоҳ дорои китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ низ хоҳад буд.

Бинои ҳозираи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абҳанифа дар маркази шаҳри Душанбе дар шафати Масҷиди марказӣ маъруф ба "Ҳоҷӣ Яъқуб", ҷойгир аст.

Видеоҳои охирин

Кам ё зиёд? Вокуниши сокинон ба афзоиши маош дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:06 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG