Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кӣ аз номи ман президентро дар Фейсбук танқид мекунад?"


Ҷаъфари Ҷалол.

Баъзе аз овозхонҳои тоҷик аз вуҷуди саҳифаҳои тақаллубӣ бо номи онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла "Фейсбук" нигаронӣ доранд. Ҷаъфари Ҷалол, овозхони шинохтаи тоҷик, ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шикоят кард, то шахсияти нафареро, ки бо номаш дар "Фейсбук" саҳифа боз намудааст, пайдо кунанд.

Аз чанд ҷо занг зада, гуфтанд, ки суруди ватандӯстона мехонӣ, аммо назарҳои хилофи онро дар Фейсбук нашр мекунӣ. Ҳайрон шудам. Бо ин восита мехоҳанд, моро аз консертҳои давлатӣ дур созанд, аз саҳнаҳо берун кунанд.

Ин овозхон рӯзи 30-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ду саҳифа бо номи ӯ дар "Фейсбук" ба нашри назарҳои зиддидавлатӣ машғул аст. Назарҳое, ки Ҷаъфар Ҷалол онҳоро хилофи андешаҳои худ медонад.

Ҷаъфари Ҷалол, сарояндаи 54-солаи тоҷик, бештар дар мавзӯъҳои ватандӯстӣ тарона мехонад ва сурудаҳояш пайваста аз шабакаҳои телевизиони давлатӣ пахш мешавад. Аз ин рӯ, мегӯяд, бо ифтитоҳи саҳифаҳои “тақаллубӣ” ва назарҳои интиқодӣ нисбат ба ҳукумат ӯро “бадном карданианд”.

“Аз чанд ҷо занг зада, гуфтанд, ки суруди ватандӯстона мехонӣ, аммо назарҳои хилофи онро дар "Фейсбук" нашр мекунӣ. Ҳайрон шудам. Бо ин восита мехоҳанд, моро аз консертҳои давлатӣ дур созанд, аз саҳнаҳо берун кунанд. Дар гузашта ин хел ҳолат нисбат ба сарояндаҳои дигар буд. Хостам мақомот маълум кунанд, ки дар паси ин кор кӣ меистад. Кӣ ҳаст, ки аз номи ман президенти кишварро танқид мекунад?” - гуфт ӯ.

Ин овозхон гуфт, ба ҳама фаҳмонидан мушкил аст, ки пушти он саҳифа ӯ қарор надорад. “Ҳар кас ному насаб ва аксатро дид, фикр мекунад, ки худат ҳастӣ. Барои ҳамин, ба мақомот расман муроҷиат кардам, то маълум кунанд, он “фейк” ман нестам”

"Бо дархости Зулайхо як “фейк” боздошт шуд"

Саҳифаҳои “фейкӣ” дар бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи овозхонҳои зан зиёд ба назар мерасад. Баҳриддин Сабурӣ, продюсери тоҷик, рӯзи 30-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, аксаран “фейк”-ҳо бо номи сарояндаҳо тасвиру ҳарфҳое нашр мекунанд, ки боис ба пайдо шудани овозаҳо мегардад.

Зулайхо Маҳмадшоева, сарояндаи тоҷик
Зулайхо Маҳмадшоева, сарояндаи тоҷик

Ӯ гуфт, дар гузашта Зулайхо Маҳмадшоева, сарояндаи тоҷик ба Вазорати корҳои дохилӣ аз болои яке аз ин “фейк”-ҳо шикоят бурда буд. “Нафаре бо номи Зулайхо-сингер саҳифа боз карда буд ва аз номи ӯ бо мухлисонаш сӯҳбат мекард. Ба Вазорати корҳои дохилӣ шикоят кардем. Он нафарро пайдо карданд ва саҳифаи сохтаашро бастанд”, - гуфт ӯ.

Ин продюсери тоҷик мегӯяд, шахсияти ҷавоне, ки бо номи Зулайхо саҳифа боз карда буд, барояш маълум нест ва ҳам намедонад, ки ӯро чӣ ҷазо доданд. Бо ин вуҷуд, Баҳриддин Сабурӣ мегӯяд, бо номи сарояндагон саҳифаҳои тақаллубии дигар боз кардаанд.

Ӯ афзуд, "бо номи Зулайхо, Фарзона, Шабнам ва дигарон чунин саҳифаҳо зиёданд. Мухлиси бофаҳм аз рӯи теъдоди корбарон мефаҳмад, ки саҳифаи асл кадом аст. Лекин бисёриҳо ба ин аҳамият намедиҳанд".

Даҳ саҳифаи Рустами Эмомалӣ

Боз шудани саҳифаҳои тақаллубӣ бо номи афроди маъруф дар Тоҷикистон зиёд ба назар мерасад. Аксаран, бо номи мансабдорон, сарояндаҳо ва рӯҳониёни шинохта низ чунин саҳифаҳо боз шудааст. "Фейк"-ҳое, ки бо номи афроди шинохта фаъол ҳастанд, ҳадафҳои гуногунро дунбол мекунанд.

Ҳоҷӣ Мирзо, рӯҳонии шинохтаи тоҷик.
Ҳоҷӣ Мирзо, рӯҳонии шинохтаи тоҷик.

Саҳифаҳое, ки бо номи рӯҳониёне мисли Ҳоҷӣ Мирзо ва Эшони Нуриддин кор мекунанд, танҳо бо таблиғи маъвизаҳои онҳо машғуланд. Қаблан, ин рӯҳониён доштани саҳифа дар шабакаҳои иҷтимоиро рад карда буданд. Дар саҳифаҳои сарояндагон ва мансабдорон бештар назарҳое нашр мешаванд, ки хилофи дидгоҳҳои онҳо ҳастанд.

Аз миёни мансабдорон бар асоси мушоҳида беш аз даҳ саҳифа дар "Инстаграм" ва "Фейсбук" бо номи Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе фаъол аст. Дар ҳафтаи гузашта ду саҳифа бо номи шаҳрдор дар "Фейсбук" боз шуд, ки аз сокинон даъват мекунад, то арзу пешниҳодҳои худро расонанд.

Аммо дар дафтари матбуотии шаҳрдори Душанбе рӯзи 30-юми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳанӯз Рустами Эмомалӣ дар "Фейсбук" саҳифаи расмӣ боз накардааст. Як масъули маркази матбуотӣ гуфт, шаҳрдор барои сокинон рақами Вайберу Вотсаппро барои тамос пешниҳод карда буд ва ин эълон дар сомонаи ҳукумати Душанбе нашр шуд.

"Тасмим ҳаст, ки раиси шаҳр саҳифа боз кунад, вале ҳанӯз он ниҳоӣ нашудааст. Агар саҳифа боз кард, эълон мекунем. Нисбат ба саҳифаҳое, ки бо номи раиси шаҳр ҳастанд, чораандешӣ мешавад", - гуфт ин масъули шаҳрдории Душанбе.

Аммо саҳифае, ки бо номи Рустами Эмомалӣ фаъол аст, ба суолҳои мо посух дод ва гуфт, ки ин саҳифа воқеан ба шаҳрдор тааллуқ дорад. Ин нафар худро “зердаст”-и Рустами Эмомалӣ номид.

Ду навъи "фейк"

Рустам Гулов, коршиноси тоҷик, мегӯяд, бо дарназардошти фаъол набудани шахсиятҳои шинохта дар шабакаҳои иҷтимоӣ, корбарон ба "фейк"-ҳои ҳамноми онҳо бовар мекунанд. Ӯ мегӯяд, танҳо овозхонҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол ҳастанд, вале фаъолияти қишри мансабдорону рӯҳониён эҳсос намешавад.

Рустам Гулов, коршиноси тоҷик.
Рустам Гулов, коршиноси тоҷик.

Ӯ гуфт, "ду навъи фейкҳо ба назар мерасад. Бархе воқеан ҳадафҳои ғаразнок доранд, вале бархеи дигар аз рӯйи хайрхоҳӣ бо номи сарояндаи дӯстдошта ва ё мансабдори писандидааш саҳифа боз мекунад. Баъдан, замоне шудааст, ки кори мансабдор ба утоқи корӣ ва аз рӯҳонӣ ба як масҷид анҷом намешавад. Инҳо бояд дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол бошанд, чун аксаран хабарро сокинон аз ҳамин ҷо мегиранд."

Шумораи корбарони интернет дар Тоҷикистон ба 3 миллион нафар мерасад. Аз ин рӯ, ҳарфҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, зуд ба мухотабон мерасанд.

Сарояндаҳои тоҷик барои таблиғи сурудҳои худ аз шабакаҳои иҷтимоӣ фаровон истифода мебаранд, вале ҳанӯз мансабдорону рӯҳониён дигар қишри пуртарафдор дар ҷомеа аз ин шабакаҳо истифодаи дуруст намекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG