Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табиби Скрипалҳо: Мо ба зинда мондани онҳо бовар надоштем


Як мушовири тиббӣ, ки ҷосуси собиқи рус Сергей Скрипал ва духтараш Юлияро дар паи заҳролудшавӣ бо маводи фалаҷкунандаи асаб муолиҷа кардааст, дар як мусоҳибааш ба шабакаи BBC гуфт, ки бовар надошт ин ду нафар зинда мемонанд.

“Вақте мо бори аввал фаҳмидем, ки ин як маводи заҳрогин аст, бовар надоштем, ки онҳо зинда мемонанд. Мо ҳама навъҳои муолиҷаро ба кор андохтем. Мо беҳтарин хадамоти тиббиро ба роҳ мондем. Вале тамоми чиз ба он далолат мекард, ки онҳо зинда намемонанд”, гуфт Стефен Ҷюкс, як мушовири тиббӣ дар мусоҳибае, ки рӯзи 29 май нашр шуд.

Падару духтар Скриплаҳо рӯзи 4 март ба бемористони шаҳри Салисбури Инглистон интиқол ёфтанд. Табибон гуфтанд, ки онҳо дар ҳолати беҳушӣ буданд ва дар оғоз тахмин зада шуд, ки онҳо таҳти таъсири маводи мухаддир мебошанд.

Вале баъди муддате табибон мушаххас карданд, ки онҳоро заҳролуд кардаанд. Юлия моҳи апрел ва баъди чанд ҳафта падараш ҳам аз бемористон ҷавоб шуданд. Бритониё масъулияти ин ҳодисаро ба дӯши Русия вогузор кард, ин ақидаро муттафиқони ғарбиаш ҳам ҷонибдорӣ карданд. Маскав иттиҳомоти заҳролудкунии ду нафарро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG