Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши низомии Покистону Афғонистон


Мақомоти баландпояи низомиву иктишофӣ аз Афғонистон ва Покистон ба мувофиқа расиданд, ки дар амри мубориза бо терроризм аз тадбирҳои муштарак кор хоҳанд гирифт. Дар изҳороти низомиёни покистонӣ рӯзи 28 май гуфта шуд, ки дар ҷараёни музокироти рӯзе аз ин пеш, ки дар қароргоҳи артиши Покистон дар гарнизони ҳарбии шаҳри Равалпиндӣ барпо шуд, “ду ҷониб ба таъсиси гурӯҳҳои корӣ, бахусус бо ҳадафи ҳамкориҳои амниятӣ ба хотири коҳиши хушунати террористон” ба мувофиқа расиданд.

Генерали артиши Покистон Қамар Ҷовид Баҷво гуфт, “кор бояд аз эътимод ба ҳамдигар шурӯъ шавад, то ки қаламравҳои ду кишвар осеб набинанд”. Ҳайати Афғонистон бо раҳбарии Ҳаниф Атмар, мушовири амнияти миллии назди президент гуфт, ки ин кишварҳо бояд ба ҳамдигар кӯмак кунанд, то ки сулҳу субот барқарор бошад. Ин музокирот дар шароите баргузор шуд, ки Афғонистон ва ИМА ба Покистон фишор меоранд, ки дар қаламраваш барои мубориза бо ҷангиён талоши бештар ба харҷ диҳад.

XS
SM
MD
LG