Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду захмӣ дар пайи занозании гурӯҳӣ дар ноҳияи Сино


Додгоҳи ноҳияи Сино
Додгоҳи ноҳияи Сино

Дар пайи занозании гурӯҳӣ шаби 26-уми май дар шаҳри Душанбе ду ҷавон захмӣ шудааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо гумони ширкат дар ин занозанӣ шаш нафарро боздошт кард. Боздоштшудаҳо аз 19 то 31 сол доранд.

Муҳсин Муҳаммадӣ, як масъули Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, рӯзи 28-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сабабҳои ин занозанӣ таҳқиқ мешаванд.

“Тафтиши ибтидоӣ ҳанӯз сабаби сар задани муноқишаро маълум накардааст. Фақат гумонбарони задухӯрд боздошт шудаанд. Вақт лозим аст, ки тафтишот дақиқ кунад, чаро онҳо занозанӣ кардаанд”, - гуфт ӯ.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳодиса ҳамчун як ҳодисаи “авбошӣ” санҷида мешавад. Ба гуфтаи масъулони вазорат, ин ҷавонон “ҳангоми дар маҳаллаи 102-юми шаҳри Душанбе қарор доштан, аз ҳиссиёти авбошӣ якдигарро лату кӯб карда, бо ин кирдорашон тартиботи ҷамъиятиро муддати 10-15 дақиқа дағалона вайрон намудаанд. Сипас, ҳангоми занозанӣ ҷавони 19-солаи гурӯҳи дуюм, бо корди дар дасташ буда, ҷавонони 22- сола ва 19-соларо ба рони пойҳои чапашон зада, захмӣ намудааст”.

Дар маҳаллаи 102-уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бори аввал нест, ки миёни ҷавонон занозанӣ сурат мегирад.

Аввалҳои моҳи январи соли гузашта дар моҷарои хунини гурӯҳе аз ҷавонони маҳаллаи 102 ва 103-уми пойтахт, шуморе аз хонандаҳои ин мактаб ширкат доштанд. Дар он занозанӣ ду нафар ба ҳалокат расид.

XS
SM
MD
LG