Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бешбармоқи Бишкек ба Китоби рекордҳои Гиннес шомил шуд


Бузургтарин ҳаҷми бешбармоқ - як навъ ғизое иборат аз хамир ва гӯшти обпаз - ки рӯзи 11 март дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон таҳия шуда буд, расман вориди Китоби рекордҳои Гиннес гардид. Ба иттилои дастандаркорон, ҳаҷми бешбармоқи мазкур 1 464 килограмро ташкил медод.

Чорабинии бешбармоқпазӣ дар Бишкек, ки рӯзи 11 март доир шуд, аз сӯи чанд созмони иҷтимоӣ ташкил гардида буд. Созмондиҳандагон, гуфтанд, мехоҳанд рекорди ошпазҳои қазоқро бишкананд. Дар соли 2015 ошпазҳои Қазоқистон дар шаҳри Остона бо таҳия кардани 736,5 кило бешбармоқ рекорд гузошта буданд.

Ин навбат дар шаҳри Бишкек барои бешбармоқи рекордӣ 8 асп забҳ ва 12 деги бузург гузошта шуд.

Гузоришҳои видеоӣ

Кумакхоҳии як зани тоҷик аз Сурия
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:50 0:00
XS
SM
MD
LG