Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Алмато 9 муҳоҷири тоҷикро боздошт кард


Пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон 13 шаҳрванди Узбекистон ва 9 шаҳрванди Тоҷикистонро барои саркашӣ аз иҷрои қарори додгоҳ боздошт кард. Додгоҳ онҳоро дар хотири нақзи қонунҳои муҳоҷират гунаҳгор дониста ба тарки хоки Қазоқистон амр дода буд. Дар ин бора рӯзи 28 май бахши Қазоқии Радиои Озодӣ хабар дод.

Ба огаҳии Департаменти умури дохилии Алмато, ин 22 муҳоҷире, ки бори дувум боздошт шуданд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида хоҳанд шуд.

"Амалиёти фаврӣ-профилактикии "Нелегал" ҳафтаи гузашта дасти кам дар ду минтақаи ҷанубии Қазоқистон, аз ҷумла дар бозору маҳалли сохтмон ва муассисаҳои хӯроки ом гузаронида шуда, ҳадафи он ошкор кардани ҳолатҳои ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба кор аст", - афзудааст хадамот.

Амалиёти ахир дар пайи сахттар шудани тадобири амниятӣ дар бузургтарин шаҳрҳои Қазоқистон гузаронида мешаванд. Тадобири амниятӣ дар Қазоқистон баъд аз он пурзӯр карда шуд, ки мақомот ба баргузории тазоҳуроти 21 май иҷозат надоданд.

XS
SM
MD
LG