Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон қонуни ҳифзи маълумоти шахсиро таҳия карданд


Вакилони Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон – тарҳи қонуни нав “Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ”-ро дуруст кардаанд.

Бино ба ин қонун, ба гурӯҳи маълумоти дорои хусусияти маҳрамона – гӯш кардани сӯҳбатҳои телефонӣ, фош кардани маълумот дар бораи бемории инсон, ҳаёти хусусиву оилавиаш шомил мешавад. “Маълумоти шахсии инсон иттилоъ дар бораи ному насаб, ҷои таваллуд, маҳалли зист, шумораи фарзандон, вазъи саломатӣ, хусусиятҳои физиологӣ ва биологиро дар бар мегирад”, - гуфта шудааст дар тарҳи қонун.

Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, муаллифи тарҳи қонун, рӯзи 27-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тарҳи мазкур аслан барои бехатарии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон навишта шудааст. Ӯ гуфт, “тавре дар тарҳи қонуни мазкур омадааст, агар шахси масъул дар амри риояи ҳифзи маълумоти шахсии шаҳрванд ба қонунушиканӣ роҳ диҳад, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.”

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, тарҳи мазкур бар асоси Эъломияи ҳуқуқи башари Созмони Милал ва Қонуни асосии Тоҷикистон таҳия шудааст. Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик гуфт, “барои онки қонун амалан татбиқ шавад, ба масъулияти корманди ҳифзи ҳуқуқи кишвар вобастагии калон дорад. Вақте баъзе маълумот оид ба вазъи саломатӣ ё сирру асрор оид ба фарзандон ҳаст, мақомоти интизомӣ бар асоси қонуни мазкур муваззаф мешаванд ин маълумотро ҳифз кунанд.”

Аммо Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик, гуфт, бовар надорад, дар Тоҷикистон ниҳодҳое, ки иҷрои ин қонунро назорат мебаранд, ба таври демократӣ амал кунанд.

“Дар кишварҳои демократӣ қонун воқеан барои дахлнопазирии шаҳрванд беҳад муҳим аст. Аммо дар Тоҷикистон, ки ҳуқуқи шаҳрванд ҳамаҷониба аз тарафи мақомоти интизомӣ ҳимоят намешавад, чӣ гуна амал мекунад? Ҳоло дар Тоҷикистон вақте як шаҳрванд барои онки суҳбати телефониаш гӯш карда шудааст, бояд ба куҷо муроҷиат кунад? Фикр мекунам, аз ин қонун афроди сарватманду мансабдорон фоида мебинанд”, - афзуд ӯ.

Қонуни нав ҷавобгарии мақомоти масъулро барои нақзи ин қонун пешбинӣ кардааст. Тарҳи мазкур аз 6 боб ва 27 модда иборат буда, бояд марҳилаҳои баррасиро дар ҳама сохторҳои Маҷлиси Намояндагон гузарад ва сипас тасвиб шавад.

XS
SM
MD
LG