Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ирландия ба тарафдории исқоти ҳамл раъй дод


Аз се ду ҳисаи сокинони Ирландия ба тарафдории иҷозаи исқоти ҳамли занон раъй додаанд. Дар пайи як ҳамапурсии саросарӣ, ки рӯзи 25-уми май баргузор шуд, ба тарафдории қонунӣ кардани исқоти ҳамл 68 дар сад ва бар зидди он 32 дар сади ирландиҳо раъй додаанд.

Аз ҳама бештар тарафдорони қонунӣ кардани исқоти ҳамл дар Дублин-пойтахти Ирландия сабт шудааст. Дар ин шаҳр 80 дар сад барои бекор кардани маҳудият дар исқоти ҳамл раъй додаанд.

Девони вазирони Ирландия гуфт, ризо аст, ки занон иҷозаи исқоти ҳамл то 12 ҳафтаи ҳомиладориро дошта бошанд. Чарли Фланган, вазири адлия ҳамапурсиро «қадаме барои берун шудан аз гузаштаи торик» унвон кард.

Қонунгузории Ирландия ба занон иҷозаи маҳдуд барои қатъи ҳомиладорӣ медиҳад, ки онро сахттарин дар ҷаҳон унвон мекунанд. Дар кишвар фурӯши доруҳои зидди ҳомиладорӣ мамнӯъ аст.

Танҳо соли 2014 ба занҳое иҷозаи исқоти ҳамл дода буданд, ки тифли батнашон ба саломатӣ ва зиндагиашон хатар эҷод мекунад. Дар сурати ғайр, занҳоро то 14 соли зиндон таҳдид мекард. Иҷозаи исқоти ҳамл дар ҳолати хатар ба ҷон замоне дода шуд, ки шумораи фавти занҳо ҳангоми таваллуд ва ё замони ҳомиладорӣ афзоиш ёфт. Инҳо занҳое буданд, ки пизишкон аз исқоти ҳамли онҳо худдорӣ карда буданд.

Солона то 3 ҳазор зани ирландӣ барои исқоти ҳамл ба Британия Кабир мераванд. Аз соли 1980 то 2016 170 ҳазор зани ирландӣ берун аз хоки ин кишвар исқоти ҳамл анҷом додаанд.

Пас аз анҷоми ин ҳамапурсӣ, ки аксаран ба лағви маҳдудият дар исқоти ҳамл раъ доданд, бо эҳтимоли зиёд қонунгузорӣ тағйир мекунад ва ба занҳо иҷозаи исқоти ҳамл ва ё истифоади ҳабҳои зиддди исқоти ҳамлро медиҳад.

XS
SM
MD
LG