Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон барои донишҷӯёни узбек 10 ҳазор бурсия ҷудо кард


Қазоқистон барои дохил шудани донишҷӯёни Узбекистон ба донишгоҳҳои ин кишвар 10 ҳазор бурсия ҷудо кард. Бино ба иттилои сомонаи "Народное слово", дар ин бобат қарори президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба имзо расидааст.

Бар пояи қарор, донишҷӯёни узбек метавонанд дар бахшҳои иқтисодӣ, техникӣ, тиб ва гуманитарии 30 академия, донишгоҳ ва донишкадаҳои Қазоқистон ба таври имтиёзнок таҳсил ва маълумоти олӣ бигиранд.

Ҳамчунин корҳо дар самти эътирофи дипломи донишгоҳҳои ду кишвар дар қаламрави якдигар идома доранд. Соли 2018 дар Қазоқистон Соли Узбекистон эълом шудааст.

Узбекистон тайи солҳои ахир шарикии худро бо Қазоқистон дар соҳаҳои гуногун тақвият мебахшад. Тайи ин солҳо миёни ду кишвар дар ҳаҷми беш аз 62 миллион доллар ҳашт созишнома имзо шудааст.

XS
SM
MD
LG