Пайвандҳои дастрасӣ

Аввалин бохти "Истиқлол" дар қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2018


Бозии марказии даври даҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои пешсафи лигаи олӣ - «Хуҷанд» ва «Истиқлол», ки рӯзи панҷшанбеи 24-уми май дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳузури 8500 тамошобин баргузор шуд, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 4:3 ба поён расид.

“Хуҷанд” бо раҳбарии сармураббӣ Нуъмонҷон Юсупов баъди ин пирӯзӣ бар рақиби аслиаш “Истиқлол” дар ҷадвали мусобиқа бо 23 имтиёз пешсафи ягона шуд.

Аз тамошои ин бозии пуршиддату шавқовару сергол мухлисон ҳаловат бурданд. Аз ҳафт гол панҷтоаш дар нимаи аввали дидор зада шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 21-ум легионери «Истиқлол» Николай Зенко боз кард. Баъди се дақиқа меҳмонон голи дувумро ба самар расонданд. Нозим Бобоҷонов аз масофаи наздик тӯбро вориди дарвоза намуд.

Аммо дар муддати чор дақиқа хуҷандиҳо ду гол зада, ҳисобро баробар карданд. Нахуст Ҳасан Рустамов дарвозабон Никола Стошичро маҷбур намуд, ки тӯбро аз тӯри дарвозааш бигирад. Баъдан Фарҳод Тохиров тӯбро ба ҳадаф расонд. Голи севуми «Истиклол»-ро Ромиш Ҷалилов пеш аз танаффус зада, дастаашро ба пеш баровард.

Дар нимаи дувуми бозӣ футболбозони «Хуҷанд» боз ду гол зада, пирӯзии дастаашонро таъмин намуданд. Дар дақиқаи 64-ум Ҳикматулло Расулов ҳисобро баробар кард. Дар охири дидор Дилшод Бозоров, ки аз хатои Ромиш Ҷалилов истифода кард, бо дарвозабон як ба як баромада, тӯбро ба дарвоза ворид намуд – 4:3.

Бояд гуфт, ки ин аввалин бохти “Истиқлол” дар мусобиқаи имсолаи лигаи олии футболи Тоҷикистон мебошад. Зимнан, дар ин бозӣ қаҳрамони Тоҷикистон таҳти раҳбарии иҷрокунандаи вазифаи сармураббии даста Алишер Тухтаев ба майдон омад.

Ёдовар мешавем, Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии "Истиқлол", рӯзи 22-юми май истеъфо дод. Ӯ аз охири соли 2016 дар вазифаи сармураббии тими "Истиқлол" буд. Таҳти сарварии Муҳаммадиев «Истиқлол» Ҷоми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, Суперҷоми ҷумҳурӣ ва ду дафъа Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст оварда, ба финали Ҷоми АFC-2017 роҳ ёфтааст.

Ба назари ҳолдонҳо истеъфои Муҳсин Муҳаммадиев ба нокомии тими “Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2018 рабт дорад. «Истиқлол», ки 16-уми май дар бозии охирини хонагиаш дар гурӯҳи “D“ аз тими «Алтин Асир»-и Туркманистон бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2018 маҳрум шуд. ​

Ба ин тартиб, мубориза барои медалҳои тиллои мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон тезу тунд мешавад. “Хуҷанд” бо раҳбарии сармураббӣ Нуъмонҷон Юсупов баъди ин пирӯзӣ бар рақиби аслиаш “Истиқлол” дар ҷадвали мусобиқа бо 23 имтиёз пешсафи ягона шуд. “Истиқлол”, ки нисбат ба “Хуҷанд” се хол камтар гирифта, як бозӣ камтар кардааст, дар зинаи дувум қарор дорад. “Хатлон”-и Бохтар бо 13 имтиёз мақоми севумро касб намудааст.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии даври 10-ум

«Хуҷанд» - «Истиқлол» - 4:3

Голҳо: Николай Зенко, 21 (0:1). Нозим Бобоҷонов, 24 (0:2). Ҳасан Рустамов, 26 (1:2). Фарҳод Тоҳиров, 28 (2:2). Ромиш Ҷалилов, 35 (2:3). Ҳикматулло Расулов, 65 (3:3). Дилшод Бозоров, 90 (4:3).

"Хуҷанд" (Хуҷанд): Алексей Матросов, Манучеҳр Аҳмадов, Далерҷон Тухтасунов, Хуршед Бекназаров, Ҳасан Рустамов (Дилшод Каримов, 64), Бахтиёр Чориев, Ҳикматулло Расулов, Абдусамад Ҳоҷибоев (Дилшод Бозоров, 54), Фирдавс Чақалов, Фарҳод Тоҳиров, Ҷаҳонгир Эргашев (Агблей Ҷонс, 88).

"Истиқлол" (Душанбе): Никола Стошич, Артём Барановский, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Ромиш Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев (Сергей Тихоновский, 89), Эҳсони Панҷшанбе, Нозим Бобоҷонов, Дилшод Восиев (Шериддин Бобоев, 83), Комрон Турсунов, Николай Зенко.
Бозигари беҳтарини дидор: Ҷаҳонгир Эргашев ("Хуҷанд").

Огоҳонида шуданд: Фирдавс Чақалов, Дилшод Бозоров ("Хуҷанд"), Ромиш Ҷалилов ("Истиқлол").

Сардовар: Сайвалӣ Турдиев (Вахш).

Нозири доварон: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

Комиссари бозӣ: Ҷовидон Ҳасанов (Душанбе).

24 май. Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 8500 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

10

7

2

1

21-10

23

2

«Истиқлол» (Душанбе)

9

6

2

1

17-10

20

3

«Хатлон» (Бохтар)

9

4

1

4

11-10

13

4

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

9

3

3

3

9-12

12

5

ССКА «Помир» (Душанбе)

8

2

5

1

12-13

11

6

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

9

2

3

4

12-13

9

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

9

1

3

4

5-12

6

8

«Барқчӣ» (Ҳисор)

9

1

1

7

4-11

4

Нишонзанҳо: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 6 тӯб, Наврӯз Рустамов («Хатлон») – 5 тӯб.

Даври 10-ум

26 май (шанбе)

«Кӯктош» – «Хатлон»

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

Рӯдакӣ, варзишгоҳи «Нефтяник»

ССКА «Помир» – «Барқчӣ»

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

27 май (якшанбе)

«Панҷшер» – «Регар-ТадАЗ»

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Ҷалолиддини Балхӣ, варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов

Оғози бозиҳо – соати 17:00

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG