Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Патрушев: Мубориза бо терроризм дар Интернет бояд шадидтар шавад


Кишварҳои узви СПАД (Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ) бояд зидди гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар интернет фаъолона мубориза баранд, гуфт дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев дар ҷаласае, ки рӯзи 24 май дар Остона ҷараён гирифт. Вай, аз ҷумла, гуфт:

“Дар навбати аввал мо бояд тадбирҳои ташдидкунандаи муқобила бо манфиатҳои созмонҳои террористии байналмилалӣ дар интернетро тақвият дода инчунин ҷалби шаҳрвандони кишварҳои узви СПАД-ро ба ҳайати гурӯҳи “Давлати исломӣ” пешгирӣ кунем”.

Вай дар идома аз мубориза бо ҷинояткорӣ дар чаҳорчӯби, ба гуфтааш, амалиёти технологии “ПРОКСИ” ситоиш кард. Инчунин ӯ гуфт, ки созмонҳои террористӣ ҳам бекор нестанд ва барои рушди фанновариҳои иттилоотии замонавӣ ба хотири истифода дар амалҳои ҷинояткорона кор мекунанд. Паймони амнияти дастаҷамъӣ соли 1992 таъсис шуд ва соли 2002 ба созмони минтақавии СПАД табдили ном кард ва бархе вазифаҳояшро ҳам дигар кард. Ба узвияти он Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомил ҳастанд.

XS
SM
MD
LG