Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёдгузори Фейсбук ба пурсишҳои вакилони Аврупо посух гуфт


Марк Зукерберг

Муассиси ширкати Facebook Марк Зукерберг рӯзи 22-юми май дар порлумони Аврупо суханронӣ кард.

Ин суҳбати ӯ бо вакилони аврупоӣ ба масаъалаи ифшои маълумоти шахсии корбарони Фейсбук ба воситаи ширкати Cambridge Analytica бахшида шуд. Ин ширкат авлавиятҳои раъйдиҳандагонро омӯхта, аз он дар маъракаҳои пешазинтихоботии Амрико дар соли 2016 истифода кард.

Аз Зукерберг дар бораи монополияи Фейсбук дар бозори шабакаҳои иҷтимоӣ, мутобиқати қонунгузории Амрикову Аврупо дар бахши ҳифзи маълумоти шахсӣ, озодии баён ва масъулияти соҳиби шабакаи иҷтимоӣ барои сӯистифодаи як корбар зидди корбари дигар пурсида шуд.

Марк Зукерберг пештар дар назди вакилони Конгресси Амрико дар Вашингтон суханронӣ карда буд. Ӯ ба вакилони аврупоӣ низ гуфт, ширкати вай дар бахши амнияти иттилои шахсии корбарон кӯтоҳӣ кард ва ҳоло тимаш бо ҳалли ин мушкил машғул аст.

Рӯзи сешанбе дар пешорӯи суханронии Зукерберг дар порлумони Аврупо поинравии арзиши саҳмияҳои ширкати Фейсбук мушоҳида шуд.

Видеоҳои охирин

Норак баъди чор моҳи ҳамла ба сайёҳон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:05:01 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG