Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корпартоии муҳоҷирони қирғиз дар Курилли


Дар ҷазираи Парамушири вилояти Сахалини Русия сар аз рӯзи 18 май наздики 70 муҳоҷири қирғизистонӣ корпартоӣ ташкил карданд. Онҳо аз шароити корӣ, муносибати корфармо ва дер пардохт шудани маош норозӣ ҳастанд. Дар ин бора бахши Қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод.

"Мо барои пул кор кардан омадем. Онҳо ба мо фишор меоранд, таҳқир мекунанд ва муносибати нораво доранд. Бе сабаб аз музди меҳнатамон ҷарима ситониданд. Гузашта аз ин, ду моҳ аст, ки маош намедиҳанд. Бархеҳо 200-250 ҳазор рублашонро нагирифтаанд. Агар коргар бемор шавад, ӯро намемонанд назди табиб равад. Ҳамин ки маошамонро доданд, мо меравем", - гуфт яке аз муҳоҷирон бо номи Аҳмад.

Муҳоҷирон мегӯянд, ба маҳзи эълон кардани корпартоӣ, корфармо онҳоро аз хобгоҳ берун кардааст. Ҳоло онҳо дар кӯча мондаанд ва аз мақомоти маҳаллӣ талаб доранд, ки онҳоро аз ҷазира берун оранд.

Муҳоҷирони қирғизистониро ширкати "Спиро" ба кор ҷалб кардааст. Ин ширкат дар доираи "Барномаи Курил" ба сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти зербиноӣ машғул аст.

Евгений Плетенский, молики ширкати "Спиро" мегӯяд: "коргарон ба кор набаромаданд ва биноан аз кор ихроҷ шуданд. Мо ҳоло ба пайдо кардани коргарони нав машғулем", - гуфт вай.

XS
SM
MD
LG