Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии "Истиқлол" истеъфо дод


Муҳсин Муҳаммадиев
Муҳсин Муҳаммадиев

Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими футболи "Истиқлол"-и Душанбе, истеъфо дод. Хадамоти матбуотии тими футболи "Истиқлол" нимаи дувуми рӯзи 22-юми май навишт, ки Муҳсин Муҳаммадиев қабл аз оғози тамрини бегоҳӣ истеъфои худро эълон кард.

"Раҳбарияти тим дархости Муҳаммадиевро қонеъ карда, ӯро аз иҷрои вазифаи сармураббӣ озод кард",- гуфта мешавад, дар изҳороти тими "Истиқлол". Маъмурияти тими "Истиқлол" эълон кард, ки айни замон Алишер Тухтаев иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ таъйин шудааст.

Муҳсин Муҳаммадиев аз охири соли 2016 дар вазифаи сармураббии тими "Истиқлол" буд.

Таҳти сарварии Муҳаммадиев тими «Истиқлол»-и Душанбе, Ҷоми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, Суперҷоми ҷумҳурӣ ва ду дафъа Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст оварда, ба финали Ҷоми «АФК-2017» роҳ ёфт.

Ба назари коршиносон истеъфои Муҳсин Муҳаммадиев ба нокомии тими “Истиқлол” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсиони футболи Осиё-2018 рабт дорад. «Истиқлол», ки 16-уми май дар бозии охирини хонагиаш дар гурӯҳи “D“ аз тими «Алтин Асир»-и Туркманистон бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар даври баъдии Ҷоми Конфедератсиони футболи Осиё маҳрум шуд. ​

XS
SM
MD
LG