Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афви Байналмилал ба Узбекистон баргашт


Гуруҳе аз кормандони созмони Афви Байналмилал бо як сафари корӣ вориди Узбекистон шуд. Пас аз 14 сол бори аввал аст, ки намояндагони ин созмони дифоъ аз ҳуқуқи башар ба Узбекистон сафар мекунанд.

Ин ҳайатро Мари Струтерс, раҳбари минтақавии ин созмон дар умури Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Миёна ҳамроҳӣ мекунад.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон хабар дод, ки ин ҳайат бо намояндагони Додситонии кулл, Додгоҳи Олӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия ва дигар созмону идораҳои маҳаллӣ дидор мекунанд.

Сафари онҳо аз 22 то 25 май давом мекунад. Соли 2004 фаъолияти ин созмон дар Узбекистон мамнӯъ шуда буд ва тоза иҷозаи бозгашти дубора ба ин кишварро пайдо кард.

Пас аз даргузашти Ислом Каримов ва ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев сиёсати Узбекистон тағйир кард. Соли гузашта Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон гуфт, ки омодаанд, созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башарро дубора ба кишвар роҳ диҳанд.

XS
SM
MD
LG