Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гитори Боб Диланро ба тақрибан ним млн. доллар фурӯхтанд


Боб Дилан
Боб Дилан

Гитори барқии мутааллиқ ба Боб Дилан, овозхон ва барандаи ҷоизаи Нобел, рӯзи 19-уми май дар як музояда дар шаҳри Ню-Йорк ба 490 ҳазор доллар фурӯхта шуд.

Гуфта мешавад, гитори Fender Telecaster соли 1956 сохта шуда, қабл аз Боб Дилан аз тарафи Ҷорҷ Ҳеррисон, гиторнавози гуруҳи “Битлз” ва Эрик Клаптон, овозхони маъруф истифода шудааст.

Интизор мерафт, ин гитор аз 400 то 600 ҳазор доллари амрикоӣ ба фурӯш бирасад.

Пеш аз ин, як гитори дигар, ки Боб Дилан аз он дар нахустин консерташ истифода кардааст, дар як музояда дар соли 2013 ба 965 ҳазор доллар фурӯхта шуда буд.

XS
SM
MD
LG