Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути “Боинг” дар Куба беш аз 100 нафарро қурбон кард. АКС


Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои “Боинг 737” рӯзи 18-уми май дар наздикии Ҳавана, пойтахти Куба, беш аз сад нафар ҷон бохтааст. Ба гузориши “Ройтерс”, раиси ҷумҳури Куба Мигел Диас-Канел гуфтааст, дар ин ҳодиса танҳо се сарнишин ҷон ба салома бурданд, ки вазъи саломати онҳо низ вахим аст.

Ин ҳавопаймо каме баъд аз бархостан ба ҳаво дар 20-километрии ҷануби пойтахти Куба суқут кард. Ҳавопаймо ҳомили 105 мусофир, аз ҷумла панҷ кӯдак будааст.

Раиси ҷумҳури Куба гуфтааст, бо хомӯш кардани оташ нирӯҳои имдодрасон дар ҳоли шиносоии ҷасади мусофирони ҳавопаймо ҳастанд. Вай, ҳамчунин, изофа кардааст, ки таҳқиқот дар хусуси иллати суқути “Боинг 737” оғоз шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 19-уми май дар номае ба Мигел Диас-Канел гуфтааст, ки аз шунидани ин фоҷиа сахт ғамгин шуд. Ӯ ба раиси ҷумҳури Куба, мардуми он кишва ва бозмондагони қурбониён ибрози ҳамдардӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG