Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар тирпарронӣ дар Донбасс 7 низомии Украина маҷруҳ шуд


Сарбози украинӣ дар баталони Мариупол
Сарбози украинӣ дар баталони Мариупол

Дар минтақаҳои ҷангии Донбасс рӯзи 17-уми май дар натиҷаи задухӯрдҳо ҳафт низомии украинӣ маҷруҳ шуд. Дар ин бора ситоди Амалиёти нерӯҳои воҳид хабар медиҳад. Ба гуфтаи низомиён, ҷудоихоҳони русиягаро на камтар аз 60 маротиба низоми оташбасро вайрон кардаанд.

Ситод ҳамчунин мегӯяд, ки ҷудоихоҳон деҳаи Троитскоеро дар вилояти Луганскро тирборон карданд. Дар натиҷа ду сокини осоишта кушта шуд.

Ҷудоихоҳон дар навбати худ ҷониби Украинаро дар вайрон кардани низоми оташбас айбдор мекунанд.

Ахиран хабар расид, ки дар Донбасс яке аз фармондеҳон гуруҳи ҷудоихоҳи "Пятнашка" Олег Мамиев кушта шудааст.

Низои мусаллаҳона дар Донбасс аз баҳори соли 2014, баъди ишғоли Қрим аз сӯи Русия, идома дорад. Украина ва Ғарб Маскавро дар пуштибонӣ аз ҷудоихоҳон айбдор мекунанд. Кремл ин айбҳоро рад мекунад. Ба маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, дар ҷараёни ин низоъ бештар аз 10 ҳазор одам кушта шуд.

XS
SM
MD
LG