Се сокини ноҳияи Мастчоҳ бо ҷурми латту кӯби маъмурони Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон аз 2 то 13 сол ҳабс шуданд. Додгоҳи шаҳри Хуҷанд гуфт, Давлатмаҳмад Наврӯзов, Беҳрӯз Наврӯззода ва Иброҳим Ғафуров моҳи декабри соли гузашта ҳангоми овардани маҳсулоти гӯиё қочоқӣ ду маъмурони Оҷонсиро мавриди латту кӯб қарор додаанд.
- Мурофиаи онҳо моҳи апрели имсол сурат гирифт.
Гулчеҳра Ғоибназарова, як масъули Додситонии вилояти Суғд, рӯзи 16-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, се сокини ноҳияи Мастчоҳ барои бознигарии ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд. Ӯ гуфт, ин се нафар аз Қирғизистон беш аз 20 ҳазор литр гази моеъ харида, қасд доштанд онро тариқи қочоқ ба Хуҷанд биоранд.
"Дар роҳ мошини онҳоро муовини сардори яке аз шуъбаҳои Оҷонсии зидди фасод дар Суғд, полковники аддия Насруддинзода Қ.Ш. ва нозир-коргузор Шоҳқурбониён Б.С. боздоштаанд. Муттаҳамон ба хотири озод шудан аз ҷавобгарӣ ва пинҳон кардани сӯзишвории қочоқӣ, ба талаби қонунии намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ итоат накарда, Насруддинзода ва Шоҳқурбониёнро латту кӯб кардаанд”, - афзуд Ғоибназарова.
Дар натиҷаи ин латту кӯб ба қавли масъулони Додситонии Суғд, ду корманди Оҷонси зидди фасод ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.
Дар Додситонии вилояти Суғд аз се нафари муттаҳам ба латту кӯби кормандони Оҷонсии зидди фасод, ҳамчун яке аз гуруҳҳои қочоқӣ дар вилоят ном мебаранд. Масъулони Додситонӣ мегӯянд, қаблан низ бархе аз аъзои ин гуруҳ аз ҷумла Давлатмаҳмад Наврӯзов барои қочоқ муҷозот шуда буданд.
Се нафари муттаҳам дар латту кӯби ду корманди Оҷонси зидди фасод зодагони ноҳияи Мастчоҳ будаанд. Ин афрод на танҳо бо ҷурми латту кӯби кормандони Оҷонси зидди фасод, балки бо чанд айбҳои дигар низ муҷрим эълон шудаанд.
Аз ҷумла, Давлатмаҳмад Наврӯзов ба шаш моддаи Кодекси ҷиноӣ ба монанди бисёрникоҳӣ, қаллобӣ, қочоқ, қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият ва расонидани хабари бардурӯғ, муттаҳам мешавад. Додгоҳ ӯро бар иловаи 13 соли ҳабс, боз 75 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.
"Ба ҳукм розӣ нестем"
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар ҳоле се нафарро барои латту кӯби кормандони Оҷонси зидди фасод муҷрим эълон кард, ки наздикони онҳо мегӯянд ба ин ҳукм розӣ нестанд. Яке аз наздикони ин афрод бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, Давлатмаҳмад ва Беҳрӯз Наврӯзовҳо ва Иброҳим Ғафуров дар додгоҳ низ айби худро эътироф накардаанд.
Ин ҳамсӯҳбати мо аз Давлатмаҳмад Наврӯзов ба унвони як соҳибкори муваффақ дар вилояти Суғд ном бурд, ки соҳиби чанд нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ буд ва чандин нафарро бо кор таъмин кардааст.
Ин хешованди ашхоси муттаҳам ба латукӯби корманди Оҷонсӣ, аз Давлатмаҳмад Наврӯзов ба унвони шахси хайрхоҳ ном бурд, ки роҳи маҳалли зодгоҳашро таъмир кард ва ба камбизоатон низ дасти ёрӣ дароз мекард. Ин се сокини ноҳияи Мастчоҳ аз ҳукми додгоҳ норозигӣ карда, аз болои он ба зинаи болоӣ шикоят бурдаанд.