Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози муҳоҷирони туркману узбек дар Истанбул. ВИДЕО


Нимирӯзи 14-уми май дар шаҳри Истанбули Туркия муҳоҷирони корӣ, ки аксарият аз Туркманистону Узбекистон буданд, назди Хадамоти муҳоҷирати Туркия гирдиҳамоӣ баргузор карданд.

Эътирозгарон мегӯянд, Хадамоти муҳоҷирати Истанбул дархости муҳоҷиронро дар мавриди дарёфт ё тамдиди иҷозаи истиқомат рад мекунад ва кормандони Хадамоти муҳоҷирати ин шаҳр нисбат ба муҳоҷирон рафтори ношоиста доранд.

Мурод Эршоҳин, роҳбари ширкати ёрии ҳуқуқии "Туркпермит", ки ба муҳоҷирон дар Истанбул кумаки ҳуқуқӣ мерасонад, гуфт, аз тасмимҳои хадамоти муҳоҷирати Истанбул бештар муҳоҷирони Туркманистон ва Узбекистон зиён мебинанд.

Бархе аз муҳоҷирони Туркманистон дар Туркия мегӯянд, мақомоти муҳоҷирати Туркия на танҳо ба муҳоҷирони қаторӣ, балки ба онҳое низ иҷозаи истиқомат намедиҳанд, ки зери ҳимояти Созмони Милали Муттаҳид ҳастанд.

XS
SM
MD
LG