Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти афғон: "Толибон аз Фароҳ ронда шуданд"


Мақомоти афғон мегӯянд, ки ҳамлаи ҷангиёни гурӯҳи Толибон ба маркази вилояти Фароҳ ба ақиб зада шуд ва ҳоло вазъият ба ҳолати қаблии худ баргаштааст. Басири Солангӣ, раиси вилояти Фароҳ рӯзи 15-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳудуди 1000 нафар аз афроди Толибон субҳи рӯзи гузашта ба шаҳри Фароҳ -- маркази вилояти Фароҳ воқеъ дар ғарби Афғонистон ҳаммарз бо Эрон, ҳамла карда буданд. Ба гуфтаи раиси вилояти Фароҳ, дар даргириҳои ду рӯзи ахир ҳудуди 300 тан аз афроди Толибон кушта шуданд. Басири Солангӣ гуфт, барои ҳимоят аз нерӯҳои давлатӣ, нерӯҳои иловагӣ аз вилоятҳои Қандаҳор ва Ҳирот расиданд. Ҳавопаймоҳои Амрико низ дар ҳимоят аз нерӯҳои афғон, мавзеъҳои Толибонро бомбаборон кардаанд. Ҳанӯз шумораи дақиқи талафот аз ду ҷониб дар даст нест.

XS
SM
MD
LG