Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафар Исҳоқов: барои боздошти ман асос вуҷуд надорад


Сафар Исҳоқов
Сафар Исҳоқов

Сарвазири пешини Қирғизистон Сафар Исҳоқов қабл аз бозпурсӣ дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфт, ки барои боздошти ӯ ҳеч асосе вуҷуд надорад.

Исҳоқов, ки аз шарикони наздики президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев аст, субҳи 14 май бори дигар барои бозпурсӣ ба КДАМ даъват шуд. Ӯ гуфт намедонед барои чӣ даъват шудааст.

"Вале як чизро мегӯям, ки Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон ва тими ӯ тоза, бидуни коррупсия кор карданд. Дар ин тим президенти кунунӣ Сооронбой Ҷеенбеков низ буд. Мубориза бо фасодро Ҷеенбеков оғоз кардааст ва ӯ худ медонад, ки Отамбоев даст ба фасодкорӣ назадааст. Бинобар ин, фикр мекунам, ки ин ҳама натиҷаи хубе нахоҳад дошт. Ба назари ман, тафтишот бояд бидуни сиёсат анҷом шавад", - изҳор дошт Исҳоқов.

Сафар Исҳоқов бори нахуст рӯзи 26 апрел барои бозпурсӣ ба КДАМ-и Қирғизистон даъват шуд. Баъди ду соати бозпурсӣ ӯ ба рӯзноманигорон гуфт, ки дар доираи тарҳи навсозии Маркази гармидиҳии Бишкек бозпурсӣ шуд. Исҳоқов афзуд, ки тамоми масъалаҳои марбут ба ин марказ бояд санҷида шаванд.

Порлумони Қирғизистон 10 май хулосаи комисияи вакилони ин ниҳодро, ки барои омӯзиши сабабҳои садама дар Маркази гармидиҳии Бишкек ташкил шуда буд, баррасӣ кард. Дар хулоса омадааст, ки ба фаъолияти ҳудуди 30 мансабдор, аз ҷумла сарвазирони пешин Жанторо Сотиболдиев, Ҷоомарт Оторбоев, Темир Сариев ва Сафар Исҳоқов баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

Хадамоти матбуотии Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон 11 май изҳороти Сафар Исҳоқовро нашр кард, ки гуфтааст, "баррасии 10 май дар порлумон талоши бархе аз сиёсатмадорони алоҳида барои хок пошидан ба чашми мардуму пинҳон кардани айбдорони воқеӣ аст".

XS
SM
MD
LG