Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Беларус ба Тоҷикистон омад


Раиси ҷумҳури Беларус Александр Лукашенко шаби гузашта бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд. Тибқи иттилои расмӣ, раиси ҷумҳури Беларусро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сарвазир Қоҳир Расулзода ва афроди дигари расмӣ истиқбол карданд. Дар назар аст, ки имрӯз, 15-уми май раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Александер Лукашенко дидору гуфтугӯ намоянд. Дар ҷараёни сафари президенти Беларус ба Тоҷикистон, форуми соҳибкорони ду кишвар дар назар аст. Дар доираи ин сафари оқои Лукашенко ба Тоҷикистон, ҳамчунин Намоишгоҳи молу маҳсулоти Беларус доир мешавад. Қарор аст Александер Лукашенко дар маросими ба фаъолият оғоз кардани корхонаи истеҳсоли трактор дар шаҳри Ҳисор, ширкат кунад.

XS
SM
MD
LG