Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА бори аввал ба музокироти сулҳи Сурия ҳайат нафиристод


Музокироти сулҳи Сурия дар Остона - моҳи марти соли 2018 (акс аз бойгонӣ)
Музокироти сулҳи Сурия дар Остона - моҳи марти соли 2018 (акс аз бойгонӣ)

Рӯзи душанбе дар Қазоқистон даври навбатии гуфтугӯи сулҳи Сурия оғоз шуд. Бори аввал аст, ки Вашингтон ба ин музокирот ҳайъат нафиристод. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Ануар Жайнаков гуфт, ки интизор меравад, фиристодаи вежаи Созмони Милали Муттаҳид Стаффан де Мистура ба музокирот ҳамроҳ шавад.

Ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, тарафҳои музокирот вазъи кунунии Сурия, аз ҷумла вазъ дар минтақаҳои амни ин кишварро баррасӣ хоҳанд кард.

Жайнаков ҳамчунин гуфт, ки гуфтугӯ дар паси дарҳои баста баргузор мешавад ва интизор меравад, ҳайати мухолифони Сурия шаби душанбе ба сешанбе вориди Остона шавад.

Ҳайати ҳукумати Сурия дар раъси Башор Ҷаъфарӣ барои иштирок дар музокирот аллакай ба Остона омадааст, - хабар дод Жайнаков.

Русия, Туркия ва Эрон - кафилони низоми оташбас дар Сурия баъдан ба таври ҷудогона, бо миёнҷигии СММ дар Женева мулоқот мекунанд.

Русияву Эрон дар ҷанги ҳафтсолаи шаҳрвандӣ дар Сурия аз ҳукумати Башор Асад пушитбонӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки Ийолоти Муттаҳидаи Амрико ва Туркия аз гурӯҳҳои мухталифи шӯришгар пуштибонӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG