Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиллоев: “Дар боздошт аз озодӣ, ирода... ва ҳама чи маҳрум будам”


Фахриддин Тиллоев
Фахриддин Тиллоев

Фахриддин Тиллоев, фаъоли Ҷунбиши мардумии Узбекистон, рӯзи 12-уми май пеш аз муҳлат аз зиндон озод шуд. Ӯ ба ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон дар хориҷ ва дохили Узбекистон машғул буд ва соли 2014 бо ҷурми “қочоқи инсон” ба ёздаҳ соли зиндон маҳкум гардид.

Тиллоев рӯзи 13-уми май дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, бо қарори Додгоҳи олии Узбекистон пеш аз муҳлат раҳо шудааст. “Ба ман гуфтанд, ки озодӣ. Бо қарори додгоҳ ошно карда, хостанд имзо гузорам. Сипас аз зиндон берун карданд”, - гуфт Фахриддин Тиллоев.

Чаҳор сол боз ҳамкорони Фахриддин Тиллоев мегуфтанд, ки иттиҳоми алайҳи ӯ сохта ва ҳукми зиндонаш сиёсист. Созмонҳои байналмилалӣ аз шиканҷа шуданаш дар ҳабс хабар дода буданд.

Фахриддин Тиллоев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “маро то содир шудани ҳукм шиканҷа мекарданд. Азият медоданд, фишор меоварданд. Барои мисол, ба зери нохун ё байни ангуштони пой сӯзан мезаданд. Лучи модарзод карда, ба ҳавои сард мебароварданд, оби сард мерехтанд. Шаллоқ мезаданд. Аз он рӯзҳое, ки дар зиндон сипарӣ шуд, афсӯс мехӯрам. Барои онки аз озодӣ, ирода ва... ҳама чи маҳрум будам.”

То замони боздошт ва ҳабс Фахриддин Тиллоев ва Нуриддин Ҷуманиёзов «профсоюз»-и мардикоронро ташкил карда, ба ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ машғул буданд. Тиллоев мегӯяд, ният дорад, ба фаъолияташ идома диҳад. «Аммо мехоҳам ба ҳимояи ҳуқуқи диндорон, зиндониҳое. Ки бегуноҳ нишастаанд, бипардозам. Дар мурофиаҳо иштирок кунам», - гуфт Тиллоев.

XS
SM
MD
LG