Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳо аз ду сӯ. Ҷанги лафзии Эрону Исроил шиддат гирифт


Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ

Таниши лафзӣ миёни Исроилу Эрон ду рӯз пас аз он шиддат гирифт, ки Исроил мавқеи эрониҳоро дар Сурия ҳадаф қарор дод.

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Ҷумҳурии Исломӣ, рӯзи 11-уми май дар хутбаи намози ҷумъа ба Исроил ҳушдор дод, ки агар бори дигар болои мавқеи эрониҳо дар Сурия ҳамла кунад, Теҳрон шаҳри Телавив ва Ҳайфаро ҳадафи ҳамлаҳои ракетӣ қарор хоҳад дод.

Авигдор Либерман, вазири дифои Исроил, ба ин изҳороти раҳбари олии Эрон вокуниш кард. Ӯ гуфт, “ба Асад ин паёмро дорам, ки эрониҳоро берун кунад, ба Қосим Сулаймонӣ ҷавоби рад бидиҳад. Онҳо танҳо зарар мерасонанд ва ҳузурашон мушкилотро бештар мекунад.”

Артиши Исроил мегӯяд, дар Сурия маконҳоеро ҳадаф қарор дод, ки истихбороти Эрон истифода мекард.

XS
SM
MD
LG