Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо ба мақомоти Монтенегро ҳушдор дод


Ёҳаннес Ҳан ва Оливера Лакич
Ёҳаннес Ҳан ва Оливера Лакич

Иттиҳодияи Аврупо ба ҳукумати Монтенегро ҳушдор дод, ки агар ба амнияти хабарнигорон ва озодии баён таваҷҷуҳ накунад, талошҳояш барои пайвастан бо ин Иттиҳодия барбод хоҳад рафт.

Ёҳаннес Ҳан, раиси Кумисюни густариши Иттиҳодияи Аврупо, ин гапро рӯзи 11-уми май, пас аз мулоқот бо хабарнигор Оливера Лакич баён дошт. Лакич дар ҳамлаи рӯзи чаҳоршанбеи гузашта дар назди хонааш бо зарби тир захмӣ шуд.

Ёҳаннес Ҳан гуфт, ин ҳамла озодии баён ва расонаҳоро, ки аз арзишҳои асосии Иттиҳодияи Аврупо аст, ба гунаи ошкор ҳадаф қарор дод.

Оливера Лакич дар бахши тадқиқоти журналистӣ бо як рӯзнома кор мекунад.

Монтенегро, ки соли гузашта узви Паймони НАТО шуд, сайъ дорад, узвияти Иттиҳодия Аврупоро ҳам ба даст биорад.

XS
SM
MD
LG