Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири молияи Фаронса: Аврупо "навкар"-и Вашингтон нест


Прачами Иттиҳоди Аврупо
Прачами Иттиҳоди Аврупо

Фаронса ба зудӣ ба Комиссияи Аврупо пешниҳод мекунад, ки вокуниш ба хуруҷи Амрико аз созиши ҳастаӣ бо Эрон ва бозгашти таҳримҳои ИМА алайҳи Теҳрон чӣ гуна бошад. Дар ин бора вазири молияи Фаронса Бруно Ле Мэр изҳорот дод.

Ӯ рӯзи 11-уми май гуфт, Иттиҳоди Аврпуо бояд аз ширкатҳои аврупоӣ, ки бо Эрон тиҷорат мекунанд, ҳимоя кунад, то паёмади эҳтимолии таҳримҳои Амрико ба онҳо осеб нарасонад.

Ле Мэр хуруҷи ИМА аз созиши бисёрҷониба бо Эронро шадидан интиқод кард. Ӯ гуфт, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврпуо набояд "навкар"-и Вашингтон бошанд ва бояд худашон тасмим бигиранд, ки бо Эрон тиҷорат кунанд, ё не.

Фаронса, Олмон, инчунин, Русияву Чин - бахши дигари созиши ҳастаӣ гуфтаанд, ки ин тааҳудро чун пештара риоя мекунанд. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел бо танқиди қарори президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, ин тасмим набояд барои даст кашидан аз шарикии фароуқёнусӣ сабаб шавад.

Трамп пештар гуфт, аз қарордоди нав, ки дар он нигарониҳои Вашингтонро аз дахолати Эрон ба умури кишварҳои дигари Ховари Миёна ба назар бигирад, пуштибонӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG