Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Меркел: Берун шудан аз созиши ҳастаӣ дуруст нест


Садри аъзами Олмон Ангела Меркел рӯзи 11 май дар як тамоси телефонӣ бо президенти Русия Владимир Путин вазъи Ховари Миёнаро баъди берун шудани ИМА аз созиши ҳастаӣ бо Эрон баррасӣ карданд. Дар ин сӯҳбати телефонӣ инчунин ҳамлаҳои Исроил ба ҳадафҳо дар Сурия ва ҳам ҳамлаҳои нирӯҳои эронӣ аз қаламрави Сурия ба сохторҳои низомии Исроил баррасӣ шуд. Дар хабари дафтари матбуоти Меркел гуфта мешавад, ки ду раҳбар ба ин андеша мувофиқанд, ки бояд аз тавсеаи низоъҳо ҷилавгирӣ шавад. Илова ба ин ҳарду ҷониб гуфтаанд, ки ба созиши амалкунандаи ҳастаӣ бо Эрон пойбанд ҳастанд. Ангела Мелкел рӯзи 11 май дар як ҳамоиши католикҳо дар шаҳри Мюнстери Олмон ҳам ба ин мавзӯъ муроҷиат кард ва гуфт:

“Боздоштани созиши ҳастаӣ бо Эрон мояи нигаронии амиқ ва таассуф аст. Ин созиш ҳосили кори 12-сола аст. Ин як ҷараёни дипломатии тӯлонӣ аст ва шояд ҳам беайб нест. Ман розиям, ки вақте аз Эрон сӯҳбат мешавад, масоили зиёди ташвишовар вуҷуд дорад: ҷанг бо Эрон, барномаи мушакҳои баллистикӣ ва нақши Эрон дар Сурия. Ин ҳама дуруст аст. Бо ин вуҷуд, ба назари ман берун шудан аз созиши ҳосилшуда дуруст нест. Онро бо раъйи оро аъзои Шӯрои амнияти СММ ҳам қабул карданд. Ин ҳолат ба эътимоди як қарори байналмилалӣ осеб мерасонад”.

Интизор меравад, ки рӯзи 18 май дар Сочи Меркел бо Путин дидор ва дар баробари масъалаи Эрон, мавзӯи Украинаро ҳам баррасӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG