Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Магистри тоҷик дар қатли профессори амрикоӣ муттаҳам шуд


Акси Мирзо Отаҷонов
Акси Мирзо Отаҷонов

Пулиси шаҳри Ню-Йорки Амрико Мирзо Отаҷонов, шаҳрванди 28-солаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми куштори бераҳмонаи профессори 66-сола боздошт кард. Ҷасади Ҷереми Сафран, устоди равоншиносии Донишгоҳи "The New School" шоми 8-уми май дар хонааш дар Бруклин ёфт шуд. Ангезаи куштор ҳанӯз маълум нест.

Ӯ дар ҳолати шок қарор дошт ва дар мурофиаи додгоҳии рӯзи сешанбе ҳам гуфт, афсурда аст

Мирзо Отаҷонов яке аз донишгоҳои шаҳри Ню-Йоркро бо ихтисоси биолог хатм кардааст. Тавре Отаҷонов дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии "LinkedIn" навиштааст, ӯ соли 2012 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе хатм карда, дар яке аз бемористонҳои пойтахт фаъолият доштааст.

Расонаҳои амрикоӣ аз қавли пулис навиштанд, ки Мирзо Отаҷонов дар қатли бераҳмона ва ҳам ғорат дар манзили профессори сокини минтақаи Бруклин муттаҳам мешавад. Ба ӯ аз 25 соли ҳабс то зиндони абад таҳдид мекунад.

Телевизиони CBS гузориш дод, ки Отаҷонов бо болға ба сари профессор задааст. Расонаҳои дигар аз истифодаи корд дар ин ҳодиса хабар доданд.

Аммо худи Отаҷонов дар наворе, ки расонаҳои амрикоӣ нашр карданд, мегӯяд, ӯ "гунаҳкор нест" ва танҳо "аз худ дифоъ кард". Нашрияи "Ню-Йорк Пост" аз қавли модари Отаҷонов бо номи Гуля навиштааст, "ба чунин рафтори писараш бовар надорад". Вай гуфтааст, писараш як бачаи нармтабиат буда, магистри улуми биология аст.

Вебсайти nytimes.com менависад, ки полис баъди як занги телефонӣ ба хадамоти изтирории 911 бо гумони ворид шудани дузд ба манзили профессор вориди хона шуд ва дар таҳхонаи манзили профессор ҷасади хунолуди ӯро пайдо кард. Дар назди ҷасад як болға ҳам ошкор шуд. Ин манбаъ менависад, ки худи гумонбар Отаҷонов дар як ҷевони таҳхона пайд шуд.

"Ӯ дар ҳолати шок қарор дошт ва дар мурофиаи додгоҳии рӯзи сешанбе ҳам гуфт, афсурда аст", - менависад расонаи амрикоӣ. Полис гуфтааст, ки талош дорад сабаби кушторро мушаххас кунад ва феълан маълум нест, ки то куҷо Отаҷонов аз қабл бо профессор шинос буд ё на.

Расонаҳои амрикоӣ менависанд, Мирзо Отаҷонов хуб шоҳмот бозӣ мекард ва як муддат ба ҳайси устоди шоҳмот низ фаъолият кардааст. Ҳамзамон гуфта мешавад, Мирзо Отаҷонов соли 2016 бо иттиҳоми кӯшиши таҷовузи як сайёҳи 23-солаи канадагӣ боздошт шуда, баъдан ин иттиҳом аз номаш бардошта шуд.

Як намояндаи сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфт, ки дар робита ба ин ҳодиса хабар надорнад. Дар ҳодисаҳои гузашта, дар пайи содир шудани ҷинояте аз ҷониби хориҷиҳо, полиси Амрико ба намояндагиҳои ин кишвар барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи муттаҳамон муроҷиат кардааст.

Як намояндаи ҷомеаи тоҷикони Ню-Йорк дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 11 май гуфт, ки аз шунидани хабари боздошти Отаҷонов бо гумони куштор “шок” шудааст, чунки, ба гуфтааш, “ӯ як ҷавони оромтабиат буда, ҳеҷ гоҳ ба ҷинояткор монанд набуд”.

Як тоҷики дигари муқими Амрико, ки ҳамчунон нахост номаш нашр шавад, гуфт, ки Отаҷонов аз як оилаи “зиёиён дар Душанбе буда, падару модараш духтур ҳастанд”. Ба гуфтаи ӯ, модараш Гулчеҳра Низомиддинова ҳам дар ИМА зиндагӣ мекунад, вале падараш зоҳиран дар Тоҷикистон аст. Модари Отаҷонов зоҳиран дар ИМА ба ҳайси ҳамшира кор мекунад. Ин манбаъ гуфт, ки бародараш Искандар дар аёлати Техас зиндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG