Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Биологи 104-сола дар Шветсария ихтиёран бо зиндагӣ падруд гуфт


Девид Гуделл
Девид Гуделл

Биологи Австралия Девид Гуделл, ки 104 сол дошт, ихтиёран дар шаҳри Базели Шведсари бо зиндагӣ падруд гуфт. Дар ин бора намояндаи гурӯҳи тарафдорони эвтаназия - марги ихтиёрӣ рӯзи панҷшанбе хабар дод.

Марги Гуделл соати 12:30 дақиқаи рӯзи 10 май эълон шуд,- гуфт Филипп Нишке раҳбари созмони Exit International. Гуделл пештар ба Шведсария омад, то аз қонун дар бораи марги ихтиёрӣ истифода кунад. Олими биологро дар сонияҳои охири зиндагиаш поягузори ҷумбиши пуштибони ҳуқуқ баэвтаназия Филипп Никше ҳамроҳӣ кард.

Девид Гуделл, ки дар Британия таваллуд шудааст, гуфта буд, ки дастикам 20 сол дар бораи худкушӣ фикр мекард. Аммо пас аз бад шудани вазъи саломатиаш бештар ба эвтаназия меандешид. Ӯ аз ин ки пойҳояш хуб ҳаракат намекарданд ва қонунҳои Австралия, ки марги ихтиёриро мамнуъ кардаанд, шикоят дошт.

Ин олими 104-сола аз беморӣ ранҷ намебурд.

XS
SM
MD
LG