Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти даҳҳо нафар дар эътирозҳои Қазоқистон. ВИДЕО, АКС


Даҳҳо шаҳрванди Қазоқистон рӯзи 10-уми май дар Остонаву Алмаато ба тарафдорӣ аз "маҳбусони сиёсӣ" дар ин кишвар даст ба тазоҳурот зада, бархеи онҳо аз тарафи нирӯҳои пулис боздошт шуданд. Онҳо бо нидоҳои "Озодӣ ба маҳбусони сиёсӣ!", "Озодӣ!" ва "Шарм!" шиор мепартофтанд.

Навори видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Боздошти даҳҳо тазоҳургар Қазоқистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:33 0:00

Дар Алмаато даҳҳо одам субҳи панҷшанбе дар назди Театри опера ва балет ҷамъ омада, дар даст акси шахсонеро доштанд, ки аз онҳо ҳамчун маҳбусони сиёсӣ ном мебаранд. Ҳамчунин дар дасти ҷамъомадагон шиорҳои даъват ба қатъи шиканҷа дар зиндонҳо низ дида мешуд.

Асҳои бештар дар инҷост:

Ба иттилои хабарнигорони бахши қазоқии Радиои Озодӣ, дар ҳар ду шаҳр эътирозҳо бо боздошти тазоҳургарон анҷомид. Аз ҷумла, кормандони пулис дар Алмаато ҳудуди 80 нафарро дастгир карданд, ки дар миёни онҳо роҳгузарони тасодуфӣ низ буданд.

Хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ мегӯяд, нирӯҳои пулис як занро бо кӯдаки хурдаш боздошт кардаанд. Ин зан гуфтааст, ки фарзандаш ҳамагӣ 12 сол дорад ва набояд дастгир шавад.

Нирӯҳои пулис то ба ҳол вазъиятро шарҳ надодаанд. Яке аз кормандони ҳифзи ҳуқуқи Остона гуфт, мақомот дар ин бора дертар изҳори назар хоҳанд кард. Дар Алмаато ба рӯзноманигорон гуфтанд, ки суолҳои худро дар ин бобат ба хадамоти матбуотии Департаменти умури дохилии шаҳр пешниҳод кунанд.

Чанде қабл ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, дар Қазоқистон даҳҳо фаъоли маданӣ ва шаҳрванди оддӣ ба шуъбаи пулис даъват шуда, дар бораи тазоҳуроте бозпурсӣ мешаванд, ки ҳаракати мамнӯи “Интихоби демократии Қазоқистон” ба баргузории он даъват дорад. «Интихоби демократии Қазоқистон»-ро мухолифи қазоқ Мухтор Аблязов, ки дар хориҷ ба сар мебарад, таъсис додааст. Додгоҳи Остона моҳи март ин созмонро террористӣ эълон кард.

Ба гуфтаи тазоҳургарон, ин эътирозҳо дар рӯзи сафари ҳайати расмии порлумони Аврупо ба шаҳри Остона баргузор мешаванд. Ҳайат, қарор аст, баҳо диҳад, ки Остона то куҷо шартҳои Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Қазоқистону Иттиҳоди Аврупоро иҷро кардааст. Яке аз шартҳои асосӣ таъмини риояи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар Қазоқистон аст.

29 вакили Ассамблеяи порлумонии Шӯрои Аврупо рӯзи 25-уми апрели имсол аз мақомоти Қазоқистон даъват карданд, ки масъулиятҳои байналмилалии худро дар бахши таъмини озодии баён, озодии таҷаммуъҳои осоишта ва қатъи маҳдудиятҳои дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ иҷро намоянд.

XS
SM
MD
LG