Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Самарқанд оҳанрабои сайёҳони хориҷӣ шудааст. ВИДЕО


Самарқанд оҳанрабои сайёҳони хориҷӣ шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:47 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед

Фотимаву Зӯҳро афсарони пулиси сайёҳӣ ҳастанд. Дар шаҳри бостонии Самарқанд амнияти меҳмононро таъмин ва меҳмоннавозии кишварро тарғиб мекунанд. “Мо Донишгоҳи забонҳои хориҷии Самарқандро хатм кардем. Забонҳои англисӣ, русӣ, узбекӣ, форсӣ ва ҷопониро медонем. Туркиро низ”, - мегӯянд онҳо.

Пас аз марги Ислом Каримов, раиси ҷумҳури худкома дар соли 2016, Узбекистон кишвари бозтар шуд. Бо ҳафт кишвар, аз ҷумла Ҷопону Исроил низоми бе раводид ҷорӣ кард. Теъдоди сайёҳон дар соли 2017 25 дарсад афзудааст.

Малика Шоҳимардонова, як ходими тарабхонае дар Самарқанд гуфт, “албатта, барои сайёҳон дарҳои боз дошта бошем, ки биёянд ва худро мисли хоҳару бародарони мо эҳсос кунанд. Мо сайёҳонро дӯст медорем, вақте меоянд хурсанд мешавем.”

Соли гузашта дувуним миллион сайёҳ ба Узбекистон рафтаанд. Ба гуфтаи баъзе таҳлилгарон, дар сурати сиёсати дарҳои боз, теъдоди сайёҳон 5 маротиба меафзояд.

Бахтиёр Эргашев, мудири маркази таҳқиқотии "Mano" мегӯяд, “то кунун, раводид бо 7 кишварро бардоштаанд. 30 ё 40 кишвари дигар аст, ки сайёҳони омодаи сафар ба Узбекистон доранд ва метавонанд ба ин феҳраст ворид шаванд. Агар ба онҳо низ ҳаққи сафари бе раводид диҳем, барои рушди сайёҳӣ бисёр кумак мекунад.”

Омадани сайёҳон ба Узбекистон, албатта, дастоварди Ислом Каримов нест, аммо маҷмааи ёдгории ӯ дар шаҳри Самарқанд, як ҷои дигар барои дидани сайёҳон аст.

XS
SM
MD
LG